(1 голос, среднее 5.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Дар шаҳри Хуҷанд бинои замонавӣ  ба истифода дода шудРаиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов дар расми ба истифода дода шудани бинои нави замонавӣ дар маркази шаҳри Хуҷанд ширкат намуд.

Бинои  шашошёнаи  мазкур иборат аз 36 ҳуҷраҳои 3 ва 4 хонагӣ буда бо талаботу меъёрҳои хонасозии муосир бунёд  гардидааст. Масоҳати умумии бино бошад 500 метри квадратиро ташкил медиҳад. Вақти азназаргузаронии ҳуҷраҳои истиқоматӣ  Раиси шаҳри Хуҷанд аз сифати сохтумон қаноатманд гашт. Сохтумони бинои  мазкур бо маблағи соҳибкорон  Муртазо Алиев ва Рахимҷон Иброҳимов  ба анҷом расидааст.

Корҳои сохтумониро бошад ташкилоти «Механизатор» ба иҷро расондааст.

Ҳамзамон бо дастгирии соҳибкорони мазкур хатнатуйии 10 нафар наврасон низ баргузор гардид.