(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар маҳаллаи Сари баландии шаҳри Хуҷанд ба азнавсозии кӯдакистони №3 бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода, ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода санги асос гузошта шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода назди кормандони соҳаи маориф баромад карда аз ҷумла афзуд, ки ҳанӯз дар замони Иттифоқи Шӯравӣ кӯдакистони №3 ба ҳолати садамавӣ афтода буд. Аз баракоти Истиқлолияти давлатӣ аст, ки имрӯз барои бунёди бинои наву замонавии кӯдакистон бо харҷи маблағҳои буҷаи маҳаллӣ хишти аввал гузошта мешавад. Ин гуна азнавсозиҳои кӯдакистонҳо дар ояндаи низ давом дода шуда, дар марҳилаи наздиктарин кӯдакистонҳои дигари шаҳр, ки дар ҳолати ногувор ва садмавӣ қарор доранд, азнавсозӣ мешаванд.

Бояд қайд намуд, ки кӯдакистони №3 аз соли 1955 фаъолият дошта, алҳол дар 5 гурӯҳ 105 нафар кӯдак ба ғамхорию тарбия фаро гирифта шудаанд. Аз сабаби он, ки бинои кӯдакистон дар ҳолати садамавӣ қарор дошт, зарурати аз нав бунёд кардани кӯдакистон бо тарҳи замонавӣ ва тамоми шароитҳои мусоиди таълиму тарбия ва фароғати кӯдакон пеш омадааст.

Бинои нави кӯдакистони мазкур аз се бино иборат буда, таҳхона низ дорад. Он барои 320 нафар кӯдак пешбинӣ гардида, ҳудуди кӯдакистон боз ҳам васеъ мегардад. Фармоишгари сохтмон идораи сохтмони асосии шаҳри Хуҷанд буда, бо сарфи наздик 5 миллион сомонӣ маблағ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ бунёд карда мешавад. Боғчаи мазкур бо сифати баланд ва ҷавобгу ба меъёрҳои милливу ҷаҳонӣ сохта ба анҷом расонида мешавад.

Вазири тандурустии ҷумҳурӣ Насимҷон Олимзода низ сухан карда, аз фаъолияти пурсамари мардуми кишвар баҳри сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 2021 қайд мегардад, ҳарф зад. Меҳнати суботкоронаи мардуми сарбаланди вилояти Суғд, махсусан шаҳри Хуҷандро қадами ҷиддӣ барои ин созандагӣ арзёбӣ намуд.

Қобили зикр аст, ки бинои нави кӯдакистони №3 то ҷашни Наврӯзи соли оянда, яъне моҳи марти соли 2019 дари худро ба тарбиятгирандагон мекушояд.

Ҷоиз ба таъкид аст, ки дар самти ба тарбия фаро гирифтани кӯдакон дар шаҳри Хуҷанд тадбирҳои мушаххас андешида мешавад. Чанде қабл дар доираи сафари кори хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи «Суғдиён» кӯдакистони «Суғдиён» иборат аз 3 ошёна ва таҳхона барои 240 нафар кӯдакон, дар маҳаллаи «Навбаҳор»-и шаҳри Хуҷанд боғчаи бачагонаи рақами 28-ро, ки бо тарҳи хеле зебо бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд. Бинои наву замонавии боғчаи бачагонаи рақами 28 дар маҳаллаи Навбаҳори шаҳри Хуҷанд бо маблағи 3 милиону 800 ҳазор сомонӣ сохта шуда, имкон дорад ҳамаррӯза 320 кӯдакро ба тарбия фаро гирад.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд