(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бахшида ба бахшида ба фаъолияти меҳнатию ҷамъиятии собиқадори соҳаи саноати ҷумҳурӣ Муборак Неъматова конференсияи илмӣ – амалӣ баргузор гардид.

Фирӯза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд нишастро оғоз бахшида, Меҳрномаи Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзодаро доир ба саҳми назарраси Муборак Неъматова дар рушди соҳаи саноат бахусус пешрафти маънавиёту иқтисодиёти ҷомеаи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол ироа намуд.

Таъкид шуд, ки Муборак Неъматова баъди хатми Донишгоҳи хоҷагии қишлоқи шаҳри Душанбе ба институти лоиҳакашии “Тоҷикгипро-водхоз” фиристоданд ва вазифаи муҳандисиро ба зиммааш гузоштанд. Дар муддати солҳои 1983-1987 Муборак Абдусатторовна дар Кумитаи вилоятии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон ба ҳайси мудири шўъбаи сохтмон кор карда, ҳамзамон академияи илмҳои ҷамъиятии назди Кумитаи Марказии Партияи Коммунистӣ дар шаҳри Москавро хатм намуд. Ўро соли 1987 дар Пленуми Кумитаи вилоятии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон ҳамчун котиби дуввуми Кумитаи Ҳизби Коммунистии шаҳри Хуҷанд интихоб намуданд. Ў дар ин вазифа то соли 1992 фаъолият бурда, ҳамзамон аз ҷониби занҳои шаҳр ба вазифаи раиси Шўрои занони шаҳр интихоб гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки соли 1997 Муборак Неъматоваро раиси кумитаи хусусигардонии амволи давлатӣ дар шаҳри Хуҷанд таъин карданд ва пас аз чанде мудири шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҳукумати шаҳри Хуҷанд интихоб гардид. Ў дар ин вазифаи пурмаҳсул то ба синни нафақа расидан фаъолияти пурсамар бурд. Ҷоиз ба таъкиду таҳсин аст, ки дорои қобилияти баланди ташкилотчигӣ, маҳорати роҳбарии ҷомеаи калон буд, ки ин зани нексиришт фаъолияташро дар самти корҳои башардўстона идома дода, аз соли 2012 то ин муддат роҳбарии бахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистонро дар ўҳда дорад. Барои ин зани наҷиб фазилату поквиҷдонӣ, хоксорӣ, ғамхорӣ нисбат ба кормандон, маҳбубият ба халқу диёр, башардўстӣ хос мебошад.

Сипас, намоянда аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, котиби Шўрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати вилоят Убайдулло Рашидов, намояндаи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон Ҳамроҳхон Атаева, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Олимҷон Ҳасанов, собиқадорони меҳнат, Муҳаббат Нозимова, Икром Ахмедов, директори генералии муассисаи давлатии маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» Иброҳим Иброҳимов баромад намуда, аз рӯзгори ибратбахши Муборак Неъматова андешаҳои хешро баён доштанд.

Таъкид шуд, ки Ватан хизматҳои хоксоронаи Муборак Абдусат- торовнаро қадр кардааст. Заҳматҳои пурмаҳсули Муборак Неъматова дар самти ободии кишвар ва пешрафти он ҳамагӣ қадр гаштанд. Эшонро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо медали “Хизмати шоиста”, Кумитаи Ҳизби Коммунистии вилоят ва шаҳри Хуҷанд, Кумитаи амволи давлатӣ, Вазорати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо як қатор ифтихорномаву сипосномаҳо қадр карданд.

Дар поёни конфронс Муборак Неъматова барои ташкили чунин нишаст ва қадршиносии собиқадорон ба ташкилкунандагони он изҳори миннатдорӣ намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд