(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altТеъдоди соҳибкорони инфиродӣ дар шаҳри Хуҷанд ба 8008 нафар расида, аз онҳо 5630 нафар бо патент ва 2378 нафар бо шаҳодатнома фаъолият доранд. Дар ин давра 539 нафар бо патент ва 132 нафар бо шаҳодатнома фаъолияти соҳибкории худро оғоз намуданд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин марҳилаи соли сипаригашта мутаносибан 96 адад ва 63 адад зиёд мебошад. Миқдори барҳамхўрии фаъолияти соҳибкории бо патент фаъолияткунанда бошад, 441 адад ва бо шаҳодатнома фаъолияткунанда 132 ададро ташкил дод, ки он ҳамчун омилҳои мусбати тамоюли камшавиро дорад.

Аз миқдори умумии бо фаъолияти соҳибкорӣ машғул буда, 25,3 фоизро занҳо ташкил дода, 1425 нафар бо патент ва 602 нафар бо шаҳодатнома фаъолият мебаранд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд