(1 голос, среднее 5.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

   Дар мактаби № 27 шаҳри Хуҷанд толори варзишӣ  бунёд  мегардад

Таи бист соли охир мактаби таҳсилоти умумии № 27 маркази вилоят толори варзишии худро надошт. Имруз Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов  бо иштироки омузгорону толибилмони ин муассисаи таълимӣ   бо гузоштани    нома ба   насли  оянда,  дар  таҳкурсӣ,  ба корҳои сохтумонии толори варзишии мактаби мазкур ҳусни ифтитоҳ  бахшид. Раҷаббой Каримов кулли  омузгорон ва сокинони маҳаллаи мазкурро бо Рузи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, таъкид намуд,ки тадбиқи сиёсати маорифпарваронаи Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ  Эмомалӣ  Раҳмон ҳар нафар аз масъулини роҳбарикунандаро ба тадбирҳои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим равона шуда, водор менамояд. Имрузҳо дар арафаи таҷлили рузи санади асосии ҳуқуқии мамлакат Раиси вилояти Суғд,  муҳтарам Қоҳир Расулзода даъват менамоянд,ки мардум бо амалу тадбирҳои некашон истиқлолияти кишварро таҳким бахшанд- иброз намуд Раиси шаҳри Хуҷанд.

Пешбинӣ мешавад, ки толори мазкур  бо тамоми шароитҳои зарурӣ барои гузаронидани дарси тарбияи ҷисмонии муҳассилин бунёд ёфта, ба  тарбияи  тарзи  ҳаёти солими  наврасон  мусоидат хоҳад кард.

Иншооти мазкурро Идораи сохтумони асосии шаҳри Хуҷанд бо маблағи наздик 300 ҳазор сомонӣ ба анҷом хоҳад расонд.

Раиси шаҳри Хуҷанд  Раҷаббой Каримов супориш дод,ки   толори варзишии дабистонро   то интиҳои сол ба истифода супоранд.

Лозим ба ёдоварист,ки дар мактаби мазкур 560 нафар хонандагон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.