(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Табрикоти Раиси шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон Яке аз санаҳои фархундаву тақдирсозе, ки боиси ифтихор ва сарбаландии ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад, ин санаи 6 ноябри соли 1994 – Рӯзи қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки он ба таҳкими равандҳои давлатдории демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ асос гузошт.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 сол қабл дар як марҳилаи басо ҳассосу таърихӣ қабул гардид. Он ҳуҷҷатест, ки фазои амалаш маҳдуд набуда, сарнавишт ва роҳи пешрафти ояндаи халқу давлатро дар тӯли даҳсолаҳо ва ҳатто садсолаҳо муайян мекунад.

Дар ин санади муқаддас ҳадафҳои асосии халқи тоҷик дар бунёди ҷомеаи озоду босаодат инъикос шудаанд. Ин Бахтномаи миллат сохти давлатдорӣ ва низоми ҳаёти ҷомеаи нави Тоҷикистонро муайян намуда ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар мамлакатамон асоси боэътимод гузошт.

Баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз дар Рӯзи Сарқонуни кишвар рамзи амалӣ гаштани меъёрҳои ин санади муҳими давлатдорӣ аст.

Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол баёнгари орзую ормони халқ буда, он ҳуқуқу озодиҳои инсонро кафолат дода, асосҳои сохтори чамъият, шакли идоракунӣ ва ташкили ҳудуди давлат, асосҳои таъсиси мақомоти марказӣ ва маҳаллии хокимияти давлатӣ, салоҳият ва муносибати онҳоро муайян мекунанд.

Қабули Конститутсия кишвари моро ба сафи давлатҳои демократии ҷаҳони муосир ворид намуд. Он ҳуқуқи инсонро арзиши олӣ эътироф намуда, доираи фаъолияти тамоми нерӯҳои сиёсӣ – ҳизбҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятиро  муайян намуда, барои кор ва фаъолияти онхо заминаи қонун гузошт. Конститутсия низоми иқтисодии мамлакатро дар заминаи эътироф намудани ҳамаи шаклҳои моликият муайян намуд.

Ин санади асосии тақдирсоз Президенти кишварро – Сарвари давлат ва Раиси Ҳукумат эълон дошта, ҳомии конститутсия, қонунҳои кишвар, хукуку озодихои инсон ва шахрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагии тамомияти арзӣ ва пойдории давлат эътироф намуд.

Дар шаҳри Хуҷанд ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон 300 рӯзи ободонӣ ва бунёдкорӣ эълон шудааст. Мақсади асосии ин маърака густариши корҳои ободонӣ дар маҳалҳо, ҳифзи муҳити зист, тарщибу эҳёи анъанаҳои меҳнатии ниёгон, ҷалб намудани шаҳрвандон ба ҳалли муаммоҳои маҳал ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстию меҳнатдӯстӣ аст.

Дар доираи 300 рӯзи ободонӣ ва бунёдкорӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр корҳои сохтмону ободонӣ вусъати тоза пайдо намуд. Бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтани Қасри варзиш, Кӯдакистони Президентӣ, Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №31, Маркази маъмурӣ ва хизматрасонии «Зара» ва амсоли инҳо, ки ифтитоҳашон бо иштироки Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вуқӯъ пайваст, бозгӯи бунёдкориҳо мебошад. Ҳамчунин даҳҳо иншоотҳои дигар ва мумфашкунии кӯчаю хиёбонҳои шаҳр, ки танҳо соли 2013 сурат гирифтанд, шаҳодати рисолатии азалии созандагии халқи мост.

Мардуми соҳибзафари Тоҷикистони азиз иқболи баланди хешро дар он мебинанд, ки дар ҷомеаи боадолат умр ба сар мебаранду давлату Ҳукумат иқдомҳои некро барои таъмини сулҳу озодии шаҳрвандон, татбиқи фарогири Конститутсия амалӣ менамоянд.

Ҳозирини гиромӣ!

Ман имрӯз бо сарбаландӣ гуфта метавонам, ки мардуми шарафманду меҳнатдӯсти шаҳри Хуҷанд бо меҳнати созандаву садоқати ватандӯстона сиёсати пешгирифтаи Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилоят муовини аввали Раиси Маҷлиси Миллӣ Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзодаро минбаъд низ ҷонибдориву дастгирӣ менамоянд.

Дар партави ҳидоятҳои шоистаи Сарвари давлат тамоми кӯшишу фаъолияти худро баҳри гиромидошти муқаддасоти миллӣ, эҳтироми волоият ва маърифати Қонун равона месозанд.

Бо камоли эҳтиром ва самимият ин санаи ба ҳар яки мо азизу муқаддас, Рӯзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокмияти давлатии шаҳр ба ҳар яки Шумо шодбош мегӯям ва таманно мекунам, ки давлатамон ҳамеша ободу озод ва мардумаш хурраму дилшод бошад.


Ид муборак, ҳамдиёрони азиз!



Раиси шаҳри Хуҷанд                          Р. Каримов