(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altТавре, ки иттилоъ дода будем, аз 19 то 24 июни соли равон дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ байни дастаҳои шиноварии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад. Дар мусобиқаи мазкур, ки дар Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии ба номи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” доир хоҳад шуд, варзишгарони Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Туркманистон ва Федератсияи Россия иштирок менамоянд.

Чанд лаҳза пеш дастаи шиноварони Ҷумҳурии Белорус вориди шаҳри Хуҷанд шуданд. Дар даромадгоҳи шаҳр меҳмононро Фирӯза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд истиқбол намуд. Меҳмонон зикр намуданд, ки бори аввал меҳмонони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд ва ҳавои софу беғубору табиати нотакрори ин диёри биҳишосо эшонро аллакай мафтун намудааст.

Бояд қайд намуд, ки маросими ифтитоҳии мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ 21 июн ва маросими ҷамъбастии он 23 июн дар Маҷмааи азнавсозишудаи ҳавзҳои шиноварии ба номи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” гузаронида мешавад.

Аллакай дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва инак Белорус баҳри иштирок дар мусобиқот ҳозир шуданд. Имрӯз соати 16:00 дастаҳои Федератсияи Руссия ва Ҷумҳурии Қирғизистон ташриф меоранд.

Интизор меравад, ки пагоҳ дастаҳои Ҷумҳурияҳои Қазоқистону Туркманистон низ вориди шаҳри Хуҷанд шаванд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд