(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altСубҳи имрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум бо танинандозии Суруди миллӣ оғоз гардид.

Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода баъди расмиёт ва муқараррот иттилоъ дод, ки дар баррасии иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум 8 масъала мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

Нахуст, оид ба рафти  иҷрои қарори Раиси вилояти Суғд аз 14 марти соли 2018, №89 «Дар бораи эълон намудани 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳри Хуҷанд маърӯза аз ҷониби Хайрулло Ғайбуллозода, муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд ироа гардид.

altИттилоъ дода шуд, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гузариш ба марҳилаи рушд чун дар тамоми гӯшаву канори кишвари азизамон дар Ҳуҷанди бостонӣ  низ бо дастгирӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба ҷашнҳои дар пешистодаи Иди Ваҳдати миллӣ ва эълон гардидани 1300-рӯзи ободонию созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъат гирифта, соҳаҳои мухталифи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ рушду таҳким ёфта истодаанд. Баҳри иҷрои  Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва қарори Раиси вилояти Суғд  аз 14 марти соли 2018, №89 “Дар бораи эълон гардидани 1300- рузи меҳнати зарбдор” қарори  Раиси шаҳри Хуҷанд аз 09 апрели соли 2018, №179, “Дар бораи эълон намудани 1300-рузи ободонию созандагӣ ба истиқболи 30- солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” низ ба тавсиб расида, баҳри  дар амал татбиқ намудани нақшаи чорабиниҳо оид ба корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ  таҳрезӣ гардида,  масъулини дахлдор ҷиҳати пиёда намудани он аз тамоми имконот истифода андешида истодаанд.

altХайрулло Ғайбуллозода гуфт, ки бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади тақвият бахшидан ба корҳои ободкориву созандагӣ, тозаю обод гардонидани мавзеъҳои мухталифи шаҳр рӯзҳои шанбе ҳашари умумишаҳрии ҷавонон таҳти шиори “Мо – ҷавонон Тоҷикистони маҳбубамонро сабзу хуррам мегардонем” муташаккилона ташкил ва гузаронида шуд.  Ҷоиз ба зикр аст, ки  бо мақсади ҷалби бештари аҳолӣ, хусусан наврасону ҷавонон ба варзиш дар ҳудуди шаҳр беш аз 280 иншооти варзишӣ мавриди истифода қарор дорад. Ҳамчунин,  бунёд ва азнавсозии толорҳо ва майдончаҳои варзишӣ аз ҷониби мақомоти давлатию ҷамъиятӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ бомаром идома дорад. Бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва ба истиқболи 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  моҳи май  озмуни шаҳрии «Ҳунарманди беҳтарин»   аз рӯи 4 шарт гузаронида шуда, 12 нафар ғолибон бо тӯҳфаҳои хотиравии Раиси шаҳр ва диплом мукофотонида шуданд.Дар маҳаллаҳои “Масҷиди савр”, “Ҷаббор Расулов” ва “Хуҷанд”  марказҳои дӯзандагӣ ба истифода дода шуда,  занону духтарони хонашин ва бекори маҳаллаҳо бо шуғл  фарогир  гардиданд.

Таъкид гардид, ки маъмурияти  Маркази саломатии №4-шаҳр дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 1300- рузи ободонию созандагӣ  бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бинои Маркази саломатии №4-ро аз таъмири хушсифат бароварданд. Дар ин муассиса азнавсозии ҳуҷраҳои кории табибон, ҳуҷраи доругузаронӣ, ҳуҷраи то духтурӣ, 3 ҳуҷраи санитарӣ, қабулгоҳ, ҳуҷраи бақайдгирӣ, намои бинои марказ амалӣ карда шуд. То имрӯз дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида баҳри дар сатҳи баланди ташкилию омодагӣ гузаронидани ҷашнҳои сиёсӣ оиди тозагию ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ, кабудизоркунию гулзоркунӣ, чароғонкунӣ ва таъмири намои биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ корҳои назаррас ба иҷро расонида шуда истодааст.

Зикр гардид, ки баҳри беҳтар ва ҷоннок  намудани фаъолияти радиои маҳаллӣ аз тарафи кормандони радиоии шабакаи телефонии шаҳри Хуҷанд дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Хуҷанд 13 адад баландгӯякҳоро насб карда, ба истифода дода шуд. Ғайр аз ин бо мақсади тақвияти фаъолияти шабакаи радиои маҳаллӣ бо мусоидати Раиси шаҳри Хуҷанд мӯҳтарам Маъруф Муҳаммадзода аз буҷаи маҳаллӣ беш аз 50 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд, ки ин имкон медиҳад боз иловатан 50 нуқтаи радиошунавонӣ дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр фаъол гардад.

Дар анҷоми суханронии худ Хайрулло Ғайбуллозода гуфт, ки “Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар оянда низ баҳри иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар дастуру раҳнамоиҳои Пешвои миллат аз тамоми имконот истифода намуда, ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои бузург сазовор пешвоз хоҳад гирифт”.

altДар баррасии масъалаи мазкур вакилон Назокат Ёрматова ва Набиҷон Иброҳимзода баромад намуда, андешаҳои хешро баён сохтанд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зимни баррасии масъалаи мазкур аз ҷумла таъкид дошт, ки бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёду азнавсозии якчанд иншоот дар шаҳри Хуҷанд ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, азнавсозии Қалъаи Хуҷанд, бунёди боғи фарҳангии Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, хонаи маданият ва китобхона дар маҳаллаи Ваҳдати шаҳри Хуҷанд, азнавсозии меҳмонхонаи “Ленинобод”, бунёди роҳи танобӣ ва ғайраҳо пешбинӣ гардидааст. Инчунин, аз тарафи соҳибкорон зиёда аз 20 адад иншоот, аз ҷумла, муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг, муассисаҳои иҷтимоӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, биноҳои истиқоматӣ, майдончаҳои варзишӣ ва бозиҳои кӯдакон сохта ба истифода дода мешавад.

alt

Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки  дар арафаи таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ дар  шаҳри Хуҷанд ба истифода додани якчанд иншооти иҷтимоию иқтисодӣ дар назар дошта шудааст. Аз ҷумла, коргоҳи нав дар заминаи ҶДММ «Арча» дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» бо номи “Арча-мебел” фаъол мегардад, ки дар ҳамкории Ҷумхуриҳои Тоҷикистону Туркия амалӣ карда мешавад. Ин коргоҳ истеҳсоли якчанд намуди мебелҳоро барои муассисаҳои соҳаи маориф ва тандурустӣ роҳандозӣ менамояд.

altҲамзамон муассисаи таълимии томактабии №28 барои 320 кӯдак дар маҳаллаи “Навбаҳор”-и шаҳри Хуҷанд мавриди истифодабарӣ қарор мегирад.

Дар ин радиф аз ҷониби ширкати «Иморатсоз» маҷмааи хонаҳои истиқоматии баландошёна, маркази савдо, чойхона, кошонаи ҳусн ва кӯдакистон барои 240 нафар низ мавриди истифодабарӣ қарор дода мешавад.

Сипас вакилон ҳисоботҳои комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд оид ба масъалаҳои пешгирии хушунат дар оила ва  вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии «Ваҳдат», № 30 Фирдавс Тӯрахоновро оид ба рафти иҷрои ваколати вакилиашро мавриди баррасӣ қарор доданд.

altАз рӯйи масъалаи чоруми иҷлосия “Оид ба номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ”  Фирӯза Нуруллозода муовини Раиси шаҳри Хуҷанд, раиси комиссияи номгузорӣ ва ивази номи иншоотҳои таърихию ҷуғрофии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд баромад намуда, хулосаи комиссияро дар бораи иваз намудани номи  кӯчаи Энгелси маҳаллаи Сайҳун ба номи Ҷабборов Домуллоҷон Ҳоҷиевич, кӯчаи Демян Бедныйи маҳаллаи Чорчароғ ба номи Адолат Саидова, номгузорӣ  намудани  яке аз кӯчаҳои маҳаллаи  Навбаҳор, микроноҳияи 30 ба номи Юсуфҷон Донёров, гузоштани лавҳаи хотиравии Рустамов Абдураҳмон дар тангкӯчаи Саховати кӯчаи Ҷӯра Зокир,  ҳавлии №5/7 ва гузоштани лавҳаи хотиравии Акбар Маҳмудов дар театри мазҳака- мусиқавии ба номи Камоли Хуҷандиро манзури вакилони шаҳрӣ намуд. Баъди баррасии вакилон пешниҳодот тасдиқ карда шуданд.

Муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Аюбҷон Раҳматзода доир ба таъғиру иловаҳои нақшаҳои муфассали тарҳрезишудаи   маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд маълумот дода, сохтмони биноҳои маъмурӣ ва хонаҳои истиқоматиро ифода менамуд.Вакилон онро тасдиқ намуданд.

Сипас вакилон якчанд қарорҳои Раиси шаҳри Хуҷандро тасдиқ намуданд.

Анвар Яъқубӣ, муовини Раиси вилояти Суғд баромад намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки баррасӣ шудани масоили ободонӣ бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз натиҷаи рушди бемайлон ва гузариш ва сатҳи нави зиндагии мардум шаҳодат медиҳад. Ин ҳама ғамхориҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани нерӯйи инсонӣ, муҳайё намудани шароити арзанда ба мардум, аз ҷумла шароити фароғат, истироҳат, табобат ва ғайраҳо мебошад.Ин ҳама ободкориву созандагӣ аз мо тақозо менамояд, ки баҳри рушди бемайлони иқтисодиёт, ба кор андозии имкониятҳо мавҷуда, пайдо намудани ҷойҳои нави корӣ чораҳои мушаххас андешем.

Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо вазифагузорӣ ва муайян намудани самтҳои фаъолият ба иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум ҳусни анҷом бахшид.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд