(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрӯз шиногоҳи соҳили дарёи Сир, воқеъ дар кӯчаи Сирдарё макони истироҳату фароғат барои шаҳрвандони дохилию хориҷӣ гардидааст.

Ҷоиз ба зикр аст, ки шиногоҳ ҳанӯз замони собиқ Шӯравӣ фаъол буда, беш аз 20 сол инҷониб бинобар номутобиқатӣ ва хатарнок буданаш шаҳрвандон аз он истифода намебурданд. Мавзуъи аз кор мондани шиногоҳ ва ғарқшавии шаҳрвандон дар 20 соли охир ба мавзуъи асосии расонаҳои кишвар мубаддал гардида буд.

Хушбахтона бо дастур ва дастгирии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ин шиногоҳ дуюмбора фаъол ва ройгон ба шаҳрвандон ба истифода дода шуд.

Бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд ҷиҳати кӯмаки фаврии шаҳрвандон ва хусусан нафароне, ки ба шиногоҳ меоянду маҳорати оббозиро надоранд, ҳамеша омода аст. Бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд бо таҷҳизоти муосири зудамал таъмин буда, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон он харидорӣ карда шудаанд. Дар бахш заврақҳои моторӣ, резинӣ, гидросикли обӣ, киштӣ барои бурдани назорати патрулӣ, автомашинаи махсуси наҷотдиҳӣ, садамавӣ-наҷотдиҳӣ, ғаффосӣ барои бурдани корҳои рӯйи обӣ ва зериобӣ мавҷуд буда, ҳамарӯза 10 нафар кормандони бомаҳорат тибқи нақша фаъолияти навбатдориро ба роҳ мемонанд.

Шиногоҳҳо бо назардошти меъёрҳои байналхалқӣ бунёд ва на фақат барои шаҳрвандони Тоҷикистон, балки барои хориҷиён низ пешбинӣ гардидааст. Зеро нури офтоби Тоҷикистон беҳтарин василаи табобат барои шаҳрвандони хориҷӣ арзёбӣ шудааст.

Майдончаи волейбол, мизи теннис ва дигар бозиҳои варзишӣ ташкил ва мардум машғули бозӣ буданд. Нуқтаҳои савдо низ фаъол аст.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷандa