(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altСанаи 20-уми июни соли ҷорӣ дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум баргузор мегардад.

Вакилон дар иҷлосия як қатор масоили муҳими сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиро баррасӣ хоҳанд кард. Аз ҷумла интизор меравад, ки дар иҷлосия оид ба рафти  иҷрои қарори Раиси вилояти Суғд аз 14 марти соли 2018, №89 «Дар бораи эълон намудани 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳри Хуҷанд, ҳисоботи Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд оид ба масоили пешгирии хушунат дар оила, ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии «Ваҳдат 30», номгузории обектҳои физикию ҷуғрофӣ ва ғайраҳо мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода мешаванд.

Ҳамзамон дар иҷлосия тасдиқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд низ дар назар дошта шудааст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд