(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз беш аз 7000 нафар сокинони баору номуси шаҳри бостонии Хуҷанд бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба таҷлили ҷашни 30 - солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Раиси вилояти Суғд ва Раиси шаҳри Хуҷанд ба шанбегии умумишаҳрӣ баромаданд.

Имрӯзҳо дар асоси нақша чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тибқи дастуру супоришҳои Раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода дар маҷрои корҳои созандагӣ, силсилаи бунёду азнавсозии муассисаву корхонаҳои гуногун баҳри сазовор пешвоз гирифтани 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст.

Дар шанбегии умумишаҳрӣ як қатор муассисаҳои таълимии шаҳр зери шиори «Мо шаҳрамонро ободу хуррам менамоем» фаъолона иштирок варзида истодаанд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд