(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt22 нафар тарбиятгирандагони Маркази инкишофи зеҳнии «Пифагор» воқеъ дар шаҳри Хуҷанд дар олимпиадаи байналхалқӣ аз арифметикаи зеҳнӣ, ки 2-3 –юми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Москва байни 66 шаҳр баргузор шуд, иштирок намуда соҳиби мақоми аввал гашта, Парчами Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи байналхалқи боло бардоштанд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки дар ин олимпиадаи байналхалқӣ 20 нафар хонандагони макотиби таҳсилоти ҳамагонии №18, гимназияи№4, литсейи №1-и ба номи Муҳаммад Осимӣ, макотиби хусусии «Пӯлотов», «Гулчини маърифат», гимназияи «Гёте»-и шаҳри Хуҷанд иштирок намуда, 16 нафари онҳо мақомҳои аввалро дар синну соли аз 6 сола то 15 сола  ба даст оварданд. Ҳамзамон 5 адад Ҷоми олимпида насиби хонандагони шаҳри Хуҷанд гардид. Аз ҷониби муассисони олимпиада ба ғолибон сертификати мағозаи «Олами бачагон»-и шаҳри Маскав аз 1000 то 2500 рубли Федератсияи Руссия тақдим карда шуд.

Ғайрат Усмонов, хонандаи синфи 8-и литсейи №1-и ба номи академик Муҳаммад Осимии шаҳри Хуҷанд дар олимпиадаи мазкур 210 адад мисолҳоро давоми 25 дақиқа ҳал намуда, ба шарафи «Устоди арифметикаи зеҳнӣ» комёб гардид.

Қобили қайд аст, ки олимпиадаи мазкур байни 4 давлат: Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон бо шумули 66 шаҳрҳои ин кишварҳо сурат гирифта, хонандагони шаҳри Хуҷанд бо гирифтани 5 Ҷом ва 16 мақоми якум, ба нишондиҳандаи олитарини олимпиада муваффақ гардиданд, ки ин нишондиҳандаи беҳтарин бори аввал дар 10 солаи охир аст.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд