(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Шанбегии  умумишаҳрӣ дар «Наврӯзгоҳ»Субҳи имрӯз бо ҷалби зиёда аз 2000 нафар донишҷӯёну кормандони касбу кори гуногун дар Боғи истироҳатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Хуҷанд шанбегии умумишаҳрӣ гузаронида шуд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар ҷараёни корҳои ободонии Боғи истироҳатии  «Наврӯзгоҳ» ширкат варзида, баҳри хуррамнамоии ин макон ва ташкили ҷойҳои нави фароғатӣ баҳри кӯдакон ба масъулин дастуру супоришҳо дод.

Ҷоиз ба зикр аст, ки дар шанбегии умумишаҳрӣ устодон ва донишҷӯёни коллеҷи тиббӣ, коллеҷи омӯзгорӣ, омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №31, литсейи касбӣ-политехникии №44, литсейи касбӣ-техникии №56, факултети санъат, идораву ташкилот ва муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд фаъолона иштирок намуданд. Ҳашарчиён бо олотҳои меҳнат ҳудуди боғро аз алафҳои бегона ва партовҳо тоза намуда, пояи дарахтонро шудгор ва нарм карданд.

Ҳамчунин ба шанбегии умумишаҳрӣ кормандони дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд ва устодону муҳассилини макотиби варзишии шаҳр низ ҷалб карда шуданд.

Лозим ба таъкид аст, ки аз ҳудуди Боғи истироҳатии «Наврӯзгоҳ» беш аз 10 мошини боркашони калон партов бароварда шуд.

Бояд қайд намуд, ки масоҳати умумии Боғи истироҳатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Хуҷанд 33 гектарро ташкил дода, беш аз 100 намуди таҷҳизоти бозӣ ва фароғатии кӯдакон дар ҳудуди боғ насб карда шудааст. Ҳамчун дар «Наврӯзгоҳ» ҳавзи шиноварии бачагона, «Боғи ҳайвонот», нуқтаҳои савдо ва истироҳат мавҷуд аст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд