(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Раиси шаҳри Хуҷанд аз ҳолати кӯчаву маҳаллаҳои шаҳр боздид намуд

Дирӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, бо мақсади омодагии шаҳр ба ҷашни Ваҳдати миллӣ ва шиносоӣ аз ҳолати воқеъии канори кӯчаҳо аз мавзеъи варзишгоҳи «Спартак»-и хиёбони Исмоили Сомонӣ то китобхонаи вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирӣ  пиёда боздид намуд.

Маъруф Муҳаммадзодаро дар ин боздид муовинони Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, директори генералии КВДК «СО ва ХМК»-и шаҳр, сардорони қитъаҳои зертобеъ, раисони кумитаи маҳаллаҳои Суғдиён ва Мевағул, роҳбарони воҳидҳои сохтории дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии шаҳр ҳамроҳӣ намуданд.

Таъкид шуд, ки гулҳои шинонидашудаистодаи хиёбонҳои шаҳр бо нақша ва дизайни нав шинонида шавад. Фавран барои обёрии гулҳои кӯчаҳои шаҳр таваҷҷуҳ зоҳир карда, дар ин мавзеъҳо нуқтаи обтаъминкуни ташкил гардад.

Раиси шаҳри Хуҷанд аз ҳолати кӯчаву маҳаллаҳои шаҳр боздид намуд

Ороиши намои бинои №49 ва шишабандии ошёнаи якуми мағозаҳои хиёбони Исмоили Сомонӣ бо дизайни нав тезтар ба анҷом расонида шавад.

Раиси шаҳр аз ҳолати насби овезаву рекламаҳои гуногуни пур аз ғалат ва ноҷурии мағозаҳо, ки ҳусни шаҳрро коста менамуд, интиқод карда, супориш дод, ки фавран тамоми мағозаҳо ва нуқтаҳои савдои ошёнаи якуми биноҳои 37, 39 ва 49-и хиёбони Исмоили Сомонӣ аз ҳаргуна навиштаҷоту рекламаҳо тоза карда шуда, тасполакҳои шикастаи роҳравҳо барқарор карда шавад. Роҳбари шаҳр аз вазъи ҷӯйборҳои даромадгоҳи байни биноҳои 37 ва 39 изҳори нигаронӣ намуда, ба масъулини ободонӣ ва роҳсозӣ дастур дод, ки он аз нав дуруст таъмир, ҷойи оббаро ташкил ва ҳолати роҳ ба талабот мувофиқ гардонида шавад. Ба роҳбарияти идораи кабудизоркунӣ супориш дода шуд, ки буриши мавсимии тамоми гулҳои садбарги кӯчаву хиёбонҳои шаҳр гузаронида шуда, нигоҳубини онҳо таҳти назорат қарор гирад.

Маъруф Муҳаммадзода ба масъулини дахлдор барои гузаронидани таъмири биноҳо дар ҳамкорӣ бо соҳибмулкон  дар биноҳои хиёбони Исмоили Сомонӣ дастуру супоришҳи мушаххас дод.

Ҳамчунин дар ҷараёни боздиди худ Раиси шаҳр аз маҳаллаи “Навбаҳор”, микроноҳияи 34-и шаҳр ошноӣ пайдо намуд. Ба масъулини соҳа супориш дода шуд, ки барои бартараф намудани нуқтаҳои ғайриқонунии савдо ва ҳаргуна сохтмонҳо аз гирду атрофи бозори маҳаллаи 34 дар мӯҳлатҳои кӯтоҳ тадирбҳо андешида шавад. Ҳамчунин мошинсаройҳои ғайриқонунӣ, ҳаргуна симтӯру панҷараҳо ва  хоначаҳои худсохти назди биноҳои истиқоматии №24, 34, 36, 37, 39-и микроноҳияи 34-ум бартараф карда шуда, тозаву обод ва кабудизор карда шавад.

Ба корҳои сохтмонии майдончаи нави варзишӣ ва бетонрезию мумфаршкунии  атрофи муассисаи томактабии №28 суръат бахшида шавад.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода  ва ҳайати ҳамроҳонаш ҳамчунин аз маҳаллаи Дӯстии халқҳо, хиёбони Рифъат Ҳоҷиев, микроноҳияҳои 19 ва 18, Гимназияи №24  боздид ба амал оварданд.

Дар ин мавзеъҳо аз ҷониби шаҳрдор ҷиҳати бартараф намудани мошинсаройҳои ғайриқонунӣ, ҳаргуна симтӯру панҷараҳо ва  хоначаҳои худсохти назди биноҳои истиқоматии роҳҳои асосии шаҳр ва суръатбахшии корҳои кабудизоркуниву гулзоркунӣ дар Гимназияи №24 вусъат дода шавад.

Маъруф Муҳаммадзода  ҳамзамон аз вазъи ободонии маҳаллаи 3 ва шоҳроҳи Истиқлол ошноӣ пайдо намуда, барои тезтар ба анҷом расонидани корҳои тайёрии замини давра ва секунҷаи калони маҳаллаи 3 бо шумули кабудизор ва гулзор намудани мавзеъ ба масъулин дастуру супоришҳои қатъӣ дод. Идораи “Хуҷандобуканал” барои дар майдонҳои миёнароҳ аз  Минтақаи озоди иқтисодии Суғд то гардишгоҳи маҳаллаи 8 баровардани нуқтаҳои оби полезӣ масъул гардид.

Дар анҷоми боздиди Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз мавзеъҳои номбурдаи шаҳр ба иҷрокунандагон ва масъулин супориш дода шуд, ки то 1 июни соли 2018 барои бо сифати баланд иҷро намудани вазифаҳои дар боло қайдгардида саъю кӯшиш намоянд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд