(0 овоз, миёна 0 аз 5)

«Хуҷанд» дар саргаҳи ҷадвали мусобиқотДирӯз дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд бозии миёни дастаҳои «Хуҷанд» ва «Истиқлол» баргузор шуд ва бо ҳисоби 4 – 3 ба фоидаи соҳибони майдон ба анҷом расид.

Дар дақиқаи 21-уми бозӣ футболбози дастаи «Истиқлол» Николай Зенко ҳисобро боз кард. Дар дақиқаи  24–ум Нозим Бобоҷонов голи дуюми меҳмонро ба ҳадаф расонд. Муаллифи голи сеюми дастаи “Истиқлол” Ромиш Ҷалилов гардид.

Ҳамин тариқ Ҳасан Рустамов, Фарҳод Тоҳиров, Ҳикматулло Расулов ва Дилшод Бозоров муаллифони голҳо аз дастаи “Хуҷанд” гардиданд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки “Хуҷанд” дар ҷадвали мусобиқаро бо 23 имтиёз соҳибӣ намуд. “Истиқлол” дар зинаи дуюм ва “Хатлон”-и Бохтар бо 13 имтиёз дар зинаи сеюм қарор доранд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд