(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Таҷлили Рӯзи ҷавонон дар ХуҷандДар назди маҷмааи «Истиқлол»-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки зиёди ҷавонон ва фаъолони шаҳру навоҳии вилояти Суғд аз Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҷлил карда шуд.

Нахуст аз ду ҷониби ин маҷмаа роҳпаймоии беш аз 20 ҳазор нафар ҷавонон сурат гирифт. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷавононро бо идашон табрик гуфта, аз ҷумла афзуд, ки «Боиси ифтихор аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нерӯи созанда, иқдомҳои бунёдкорона, ташаббусҳои наҷиби ҷавонон ва қобилияти баланди зеҳниву ҷисмонии онҳо эътимоди комил доранд ва ғамхорӣ дар ҳаққи насли ояндасози миллатро самти меҳвари фаъолияти худ қарор додаанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ вобаста ба иштироки ҷавонон дар маъракаҳои муҳими давлатию ҷамъиятӣ ва ҳиссаи сазовор гузоштани онҳо дар корҳои ободонию бунёдкорӣ ва ҳифзи дастовардҳои кишвар ишора намуда, аз ҷумла бамаврид қайд карданд: «Боиси қаноатмандист, ки ҷавонони бонангу номус ва боиродаи мо ҳамчун нерӯи созанда дар маъракаҳои муҳими давлативу ҷамъиятӣ фаъолона иштирок карда, дар корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ ҳиссаи сазовор гузошта истодаанд».

Таъкид шуд, ки дар ин раванд, зарур аст, ки минбаъд худи ҷавонон ташаббускори амалҳои созанда бошанд, дастовардҳои илмиву эҷодии худро сари вақт муаррифӣ созанд, ба муқобили зуҳуроти номатлуб мубориза баранд, зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳифзи амнияти ҷомеа ва давлат омода бошанд, таъриху фарҳанги халқамонро гиромӣ доранд ва барои ободиву пешрафти минбаъдаи Ватани маҳбубамон саъю кӯшиш намоянд.

Сипас, барномаи рангини консертӣ табъи ҳозиринро болида намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд