(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt

Паёми табрикотии Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон.

Рӯзи ҷавонони Тоҷикистонро ба кулли ҷавонон ва сокинони барнодил табрику муборакбод намуда, барояшон сиҳатмандиву хонаободӣ, рӯзгори хушу хуррам ва фатҳи қуллаҳои баланди муродро таманно менамоям.

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳияи сиёсати давлатии ҷавонон шароити мусоид фароҳам овардааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон қайд намудаанд: «ҳукумат ғамхориро нисбат ба наврасону ҷавонон минбаъд низ идома бахшида, ба ин неруи тавонои кишвар, ки марзу буми Тоҷикистонро ҳимоя мекунад, кишварро ободу зебо мегардонад ва номи ватани аҷдодиро боз ҳам боло мебардорад, ҳамеша такя менамояд».

Имрӯз кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар фазои орому осоишта, сулҳу ваҳдат ба сӯи ояндаи дурахшон қадамҳои устувор гузошта, мардуми шарифи диёрамон бо шукргузорӣ аз ин неъмати бебаҳо меҳнати фидокорона ва содиқона намуда истодааст. Бо боварии том метавон зикр намуд, ки воқеан ҳам, ҷавонони асри навин нерӯи созанда ва фардосозу пешбари ҷомеаи соҳибистиқлоли мо мебошанд.

Таҷлили моҳонаи ҷавонӣ имкон фароҳам овард, ки дар ин фосила ҷавонон аз муҳимтарин барномаҳои ҷолиби сиёсиву фарҳангӣ ва маърифатӣ бархурдор гардида, бори дигар ба таваҷчӯҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шарафёб шаванд.

Сиёсати дурбинонаи ҳукумати Ҷумҳурӣ аст, ки имрӯз дар тамоми қаламрави вилоят бо дастуру нишондодҳои Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода нақши ҷавонони кишвар дар паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ҳамчун нерӯи созанда ба мушоҳида мерасад.

Боварии комил дорам, ки дар қатори ҷавонони сарбаланд ва ватандӯсти кишвар ҷавонони Хуҷандшаҳр низ чун фарзандони асили миллат, ба Ватани азизи худ хидмат менамоянд, сафи қувваҳои мусаллаҳи кишварро пур месозанд ва дар ҳимояву пешравии соҳоти гуногуни давлат саҳми бориз мегузоранд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар ҷодаи дастгирии насли ҷавон барои ба роҳ мондани ташаббусҳои нав ва созанда, татбиқи муваффақонаи сиёсати давлатии ҷавонон тадбирҳои зарурӣ меандешад. Ибтикороти созандаи ҷавонон ҳамеша дастгирӣ меёбад.

Дар Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон орзуманди онам, ки ҳамеша дар талоши донишандӯзиву навгонӣ бошед, аз овони ҷавонӣ, ки айёми муайян кардани ояндаи худу Ватан аст, фаровон ва муваффақона истифода баред.

Идатон муборак, ҷавонони саодатманди кишвар!