(0 овоз, миёна 0 аз 5)

3501 дарҳояшро кушодТибқи нақша-чорабиниҳои бахши ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар партави таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд таҳти унвони «Ҷавонон - пайрави Пешвои миллат!»” дар қисми ҳарбии 3501-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, Рӯзи дарҳои кушод баргузор гардид.

Дар маросими кушодашавии чорабинии мазкур мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов ва қумондони қисми ҳарбии 3501-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Насриддин Умарзода иштирок ва баромад намуданд. Зикр гардид, ки чорабинии мазкур бо мақсади беҳдошти тарбияи ватандӯстии ҷавонон, ҳурмату эҳтиром ва садоқат ба Ватан-Модар бо иштироки зиёда аз 200 нафар хонандагони синфҳои болоӣ гузаронида шуда истодааст.

Сипас, аз ҷониби масъулини баталиёни 2-юми фаврии таъйиноти махсуси қисми ҳарбӣ машқҳои тан ба тан ва аз ҷониби сарбозони баталиёни 3-юми патрулӣ пайраҳадории қисми ҳарбӣ машқҳо бо сипар намоиш дода шуд.

Хонандагони ташрифоварда аз ҳаёту фаъолияти рӯзмарраи ҳайати шахсӣ дидан намуда, бо реҷаи кори сарбозон шинос шуда, аз хӯрокҳои онҳо чашиданд.

Дар анҷоми чорабинӣ аз ҷониби бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ба сарбозону афсарон лавозимоти гигиенӣ, сипосномаю тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд