(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Вусъати корҳои созандагӣ дар «Хуҷандобуканал»Фазои сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату якпорчагии мардуми шарафманди тоҷик имкон дод, ки мо маҷрои рушди иқтисодии миллиамонро ба куллӣ тағйир диҳем, барномаҳои нави давлатиро қабул кунем, иқтидорҳои нави истеҳсолиро ба кор андозем ва аз ҳама муҳимаш сокинони мамлакатро баҳри ободонии гӯшаву канори кишварамон сафарбар намоем.

Дар заминаи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба таҷлили ҷашни 30 - солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода қарор ба тавсиб расида, ҳамзамон дар ин радиф 1300 рӯзи ободонию созандагӣ дар қаламрави вилоят эълон гардид.

Имрӯзҳо дар асоси нақша чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тибқи дастуру супоришҳои Раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода дар маҷрои корҳои созандагӣ, силсилаи бунёду азнавсозии муассисаву корхонаҳои гуногун баҳри сазовор пешвоз гирифтани 30-юмин  солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст.

Аҳли заҳмати корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хуҷандобуканал» дар ин радиф корҳои ободонию созандагиро вусъат бахшида, баҳри беҳтар намудани шароити кормандон ва дуруст ба роҳ мондани хизматрасонӣ ба муштариён ба таъмиру азнавсозии бинои идора оғоз бахшиданд.

Ҳамарӯза дар ин ҷо беш аз 20 нафар сохтмончиён ба корҳои таъмиру таҷдиди бино машғул гардида, ҳамзамон аҳли коргоҳ ба корҳои сабзгардонию хуррамнамоии муҳит ҳиссагузорӣ намуда истодаанд.

Ҷомеаи меҳнатии корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хуҷандобуканал» бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ симои зоҳирии бино ва утоқҳоии кори хешро бо усули муосир, аз ҷумла иваз  намудани дару тирезаҳои фарсудашуда бо намуди пластикӣ ва намои биноро таъмиру бо тарзи замонавӣ рангубор намуда истодааст.

Роҳбарияти ин идора кӯшиш намуда истодааст, ки коргоҳро боз ҳам ободу зебо гардонида, барои кормандон кору зиндагии шоистаро фароҳам намояд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд