(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Мақоми аввали заврақрони Хуҷанд дар мусобиқоти Осиёи МарказӣДар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хуҷанд хонандагон дар баробари таҳсил, ба маҳфилҳои гуногун, аз ҷумла ба варзиш ҷалб карда мешавад, ки он самараи нек ба бор оварда истодааст.

Чанде қабл ду хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и шаҳри Хуҷанд дар мусобиқаи заврақронӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва давлати Испания иштирок намуда, мақомҳои аввал ва роҳхат ба ин намуди мусобиқоти ҷаҳониро ба даст оварданд.

Даврон Ахмедов, хонандаи синфи 11 «а» МТМУ№7-и шаҳр дар мусобиқаи заврақронии шаҳри Тошканд байни наврасони Осиёи марказӣ иштирок варзида, мақоми аввалро ба даст овард.

Хонандаи синфи 9-и  мактаби мазкур Саидилҳом Назиров бошад, дар мусобиқаи заврақронӣ дар давлати Испания иштирок варзида, роҳхати олимпиадаи байналмиллалӣ байни наврасонро, ки дар Олмон баргузор мегардад, ба даст овард. Саидилҳом дар ин мусобиқот аз 200 нафари иштирокчӣ мақоми 27-умро соҳиб шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд