(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Таҷлили Рӯзи пойтахт дар ХуҷандБегоҳии имрӯз дар Боғи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» бо иштироки васеъи мардум аз Рӯзи пойтахт ҷашн гирифта шуд.

Рустам Раҳматзода, муовини аввали Раиси вилояти Суғд мардуми меҳнатқарини Суғди бостонро  ба муносибати Рӯзи пойтахт – шаҳри азизу дилбанди Душанбе аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва аз номи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода табрику муборакбод гуфта, аз ҷумла зикр дошт, ки «Таҷлили Рӯзи пойтахт танҳо ҷашни сокинони пойтахт нест, балки ҷашни тамоми тоҷику Тоҷикистониён аст. Зеро шаҳри Душанбе ҳамчун маркази маъмурии мамлакат ва ойинаи миллати соҳибтамаддуни тоҷик маҳсуб меёбад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид медоранд: Агар шахс аз падару модар, бузургони гузаштаи худ ифтихор дорад, он гоҳ ҳар сокини Тоҷикистон ҳуқуқии маънавии комил дорад, ки бо номи ватан ва пойтахти он шаҳри Душанбе ифтихор дошта бошад.  altЗеро Душанбе гаҳвораи эҳёи миллати тоҷик, ягонагии ормонҳои тоҷикон ва ҳамаи тоҷикистониён мебошад».

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар баромади худ аз мақоми пойтахт дар рушди давлатдорӣ таъкид дошта, аз ҷумла қайд кард, ки «Дар таърихи ҳар халқу миллат пойтахт дар самти рушду такомули давлатдорӣ, пешрафти ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии он нақши калидӣ мебозад. Дар ин раванд, шаҳри Душанбе ҳамчун маркази давлати соҳибистиқлоли тоҷикон рисолати хешро дар бобати рушди самтҳои мухталифи ҳаёти мамлакат муваффақона иҷро мекунад. Қобили зикри махсус аст, ки пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе маҳз дар замони соҳибистиқлолии мамлакат бо ташаббусу ғамхории Ҳукумати кишвар ва азму талоши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар байни шаҳрҳои минтақа тадриҷан мақому манзалати миллӣ ва ҷойгоҳи шоистаи худро пайдо карда, айни замон ба яке аз шаҳрҳои сабзу хуррам, ободу зебо ва рушдёбанда табдил ёфтааст.

altМаъруф Муҳаммадзода афзуд, ки дар ин муддати начандон тӯлонӣ эъмор гардидани даҳҳо корхонаҳои истеҳсолӣ, муассисаҳои таълимӣ ва тандурустиву фарҳангӣ, боғу гулгаштҳо, иншооту биноҳои замонавии маъмуриву хизматрасонӣ, аз қабили Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, марказҳои бузурги тиҷоратӣ ва бинои муҳташами Кохи Наврӯз ба симои шаҳри Душанбе ҳусни тоза зам намуданд. Мо ҳамарӯза эҳсос менамоем, ки тадбирҳои созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти шаҳри Душанбе дар роҳи таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоии пойтахт некбинона арзёбӣ гардида, барои дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷудаи пойтахти мамлакат ва таҳияи нақшаю барномаҳои наву муосири таъминкунандаи пешрафту тараққиёти бемайлони он дар оянда шароити созгор пайваста чораҷӯйиҳо андешида мешавад.

Ба таъкиди Маъруф Муҳаммадзода имрӯз шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва маркази илму фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик боиси ифтихори хурду бузурги мамлакат мебошад ва бурду бохти он на танҳо ба сокинони пойтахт, балки ба кулли мардуми кишвар тааллуқ дорад.

Барномаи рангини фарҳангӣ фарогирии суруду таронаҳои ватандӯстона табъи ҳозиринро болида намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд