(0 овоз, миёна 0 аз 5)

1452 адад муроҷиатҳои хаттии шаҳрвандон қабул карда шудҚабул ва баррасии саривақтии муроҷиати шаҳрвандон аз фаъолияти муҳими масъулини Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд арзёбӣ мегардад.

Дар семоҳаи аввали соли 2018 ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 1452 адад муроҷиатҳои хаттии шаҳрвандон ворид гардид. Боиси қайд аст, ки теъдоди умумии аризаҳои воридшуда 288 адади онҳо вобаста ба ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ буда, он нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 12 адад зиёд гардидааст.

Аз теъдоди умумии муроҷиатҳои воридгардида 16,1 фоиз вобаста ба масъалаи гирифтани қитъаи замин барои сохтмон, 24,4 фоиз оид ба гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, 10,2 фоиз оид ба сафари ҳаҷ, 12,8 фоиз оид ба бақайдгирии манзил ва биноҳои сохташуда, 6,8 фоиз оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, 7,9 фоиз оид ба соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ва ғайраҳоро ташкил менамояд.

Инчунин 1202 адад мактубҳо вобаста ба масъалаҳои ҳалталаби соҳаҳои мухталиф ворид гардида, аз онҳо 695 адад ҳалли худро ёфта, 507 адад дар марҳилаи баррасӣ қарор дорад.

Дар ин давра қабули шаҳрвандон дар рӯзҳои чоршанбе ва шанбе дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аз рӯи ҷадвали тасдиқгардида ва тибқи системаи хизматрасонии “Равзанаи ягона” ҷараён гирифта, аз ҷониби роҳбарияти шаҳр 415 нафар шаҳрвандон қабул карда шудаанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд