(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Таъиноти муовини Раиси шаҳри Хуҷанд

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд муаррифии муовинони нави Раиси шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода қарорҳои хешро ба тавсиб расонд, ки тибқи он Фирӯза Нуруллозода ва Ҷамшед Абдуқаюмзода ба вазифаҳои муовинони Раиси шаҳр таъин гардиданд.

Фирӯза Нуруллозода хатмкардаи факултети забонҳои шарқи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров буда, дар ин донишгоҳ дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла то ба вазифаи декани факултети забонҳои шарқ кор кардааст. Солҳои 2010-2011 дар мансаби мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хуҷанд низ фаъолият дошт.

Таъиноти муовинони Раиси шаҳри Хуҷанд

Мавсуф ҳамчун муовини Раиси шаҳри Хуҷанд оид ба соҳаҳои  маориф, фарҳанг ва иҷтимоиёт фаъолияти худро оғоз мебахшад.

Ҷамшед Абдуқаюмзода ҳамчун муовини Раиси шаҳри Хуҷанд оид ба масоили иқтисод, саноат ва энергетика таъин карда шуд. Мавсуф хатмкардаи риштаи иқтисодии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров буда,  дар вазифаҳои гуногуни Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, аз ҷумла, мудири шуъбаи магистратура, аспирантура ва докторантураи ин муассисаи олӣ фаъолият намудааст.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода нафарони ба вазифа таъингардидаро баҳри амалӣ намудани сиёсати пешгирифтани Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳидоят намуд.

Таъкид карда шуд, ки эшон вазифа ва масъулияти роҳбариро бо тарзу усулҳои муосир, меҳнати софдилона баҳри ободии Ватан ва таъмини фазои шаффофу мусоиди кору фаъолият дар ниҳодҳои зери роҳбарияшон роҳандозӣ намоянд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд