(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

Вадим Касянов бо хатмкунандагони шаҳри Хуҷанд мулоқот намудРектори Донишгоҳи давлатии геологияи иктишофии Руссия Вадим Касянов бо хатмкунандагони макотиби таҳсилоти умумии шаҳри Хуҷанд мулоқот намуд.

Вохӯриро Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ифтитоҳ намуда, аз ҷумла афзуд, ки  Истиқлолият барои мо шароити созгор ва имконияти фаровон баҳри гирифтани таҳсилоти олӣ хусусан дар хориҷи кишвар фароҳам сохт. Бо вуҷуди зиёд будани миқдори муассисаҳои олии кишвар, имрӯз роҳбарияти донишгоҳҳои хориҷӣ азм доранд, ки ҷавонони тоҷик довталаби муассисаҳои олияшон бошанд. Ташрифи ректорони донишгоҳҳои олии Федератсияи Руссия ва мулоқоти эшон бо хатмкунандагони макотиби шаҳр тасдиқи гуфтаҳои болоист.

Сипас,  Вадим Касянов, ректори Донишгоҳи давлатии геологияи иктишофии Русия баромад намуда, аз ҷумла таъкид сохт, ки донишгоҳи номбурда аз кӯҳантарин муассисаи олии Русия буда, соли ҷорӣ 100 солагии хешро таҷлил хоҳад намуд. Ин муассисаи бонуфузи илмию таълимӣ ба омӯзиш ва тайёр намудани муҳандисони бахшҳои гунонуни соҳаи геология машғул аст.

Нуралӣ Қурбонов, директори Донишкадаи асосҳои иқтисодӣ ва ҳуқуқии истифодаи сарватҳои зеризаминии Донишгоҳи давлатии геологияи иктишофии Руссия низ баромад карда, аз суръати рушду нумуъи Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқбол намуда, ба ҷавонон шукргузорӣ аз амну осоиштагиро талқин намуд. Мавсуф зикр дошт, ки агар 5 сол қабл  дар Донишгоҳи давлатии геологияи иктишофии Руссия аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагӣ 16 нафар таҳсил менамуданд, имрӯз теъдоди онҳо ба 81 нафар расидааст, ки ин аз боло рафтани шӯҳрату эътибор ин боргоҳи илмӣ шаҳодат медиҳад.

Сипас, хатмкунандагони макотиби миёнаи шаҳри Хуҷанд доир ба вазъи таҳсилу иқомат, ҷараёни таълиму тадрис, имтиёзу ояндабинӣ ва ғайра ба Вадим Касянов, ректори Донишгоҳи давлатии геологияи иктишофии Руссия саволҳо дода ҷавобҳои мушаххас дарёфтанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд