(0 овоз, миёна 0 аз 5)

11 ҷойи ифтихории хонандагони шаҳри ХуҷандДар Олимпиадаи фаннии ҷумҳуриявии (анъанавӣ) байни хонандагони синфҳои 11-и ҳамаи намуди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз фанҳои таълимӣ доир гардид, аз шаҳри Хуҷанд 26 нафар хонандагон иштирок намуда, 11 нафар ба гирифтани ҷойи ифтихорӣ сазовор гаштанд.

Мақоми аввалро хонандагони литсейи №1 ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ва МТМУ №21, ҷойи дуюмро 3 нафар муҳассилини МТМУ №23, гимназияи хусусии «Ганҷ», литсей «Барои хонандагони болаёқат» ва мақоми 3-юмро 6 нафар дастпарварони  МТМУ №9, МТМУ№26, литсейи №1, мактаби хусусии «Пӯлотов», литсей «Барои хонандагони болаёқат» ба даст оварданд.

Интизор меравад, ки санаи 20 апрели равон олимпиадаи даставию номӣ дар шаҳри Душанбе гузаронида мешавад , ки дар он низ хонандагон аз шаҳри Хуҷанд иштирок менамоянд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд