(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Калимаи «наҳзат» аз забони арабӣ гирифта шуда, маънои аз нав зинда сохтанро дорад. Роҳбарони Ҳизби наҳзати исломии Точикистон бо кадом мақсад  ҳизбашонро  чунин номгузорӣ карда буданд.  Агар онхо мақсад дошта бошанд, ки исломро аз сари нав зинда созанд ин ба ақли солим рост намеояд. Чунки дини ислом зиёда аз 1400 сол шудааст, ки зинда мебошад ва зинда хохад монд, -  гуфта мешавад дар гуфторҳои аҳли дин. Ҳамчунин мо медонем, ки пайғамбар барои мусалмонон дин овардааст, ки номи он «Ислом» аст. Аз ин ру ба назар мерасад, ки таъсиси ҳизби динӣ зарурате надошт. Ҳиссиёти зиндаро аз сари нав зинда намудан ин танхо хиллаю найранг мебошад. Соҳибони ҳизб номи Ҳизби наҳзатро ба хотире намондаанд, ки ҳизб ба дини ислом хизмат расонад, ин номро ба он хотир мондаанд, ки дини ислом ба ҳизби «ифроти»-и онхо хизмат намояд.

Дар ибтидо наҳзатиҳо аз ивазшавии ҳардақиқаинаи вазъи ҷаҳони кунунӣ хулоса мебароварданд ва дар шароити барои ҳар як халқу миллат таҳдидовар маҷрои фаъолияти ҳизбро ба нафъи миллату Ватан самт медоданд.  Вале тавре вақт нишон дод онҳо барои пӯшонидан бар тани умедҳои халқу миллат дар ақидаҳои онҳо ҷомае вуҷуд надоштааст. Дар ғояҳое, ки онхо талқин мекарданд  ҷойгоҳи миллат,  давлатдорӣ ва арзишҳои миллӣ холист. Мисоли он, ки дар ҳар кунҷи дунё мушоҳида мекунем.

Таърих гувоҳ аст, ки  миллати тоҷик таъриху тамаддуни ҳаштҳазорсола дорад. Дар ин муддат чанд маротиба мансубияти эътиқодӣ, кешу дини худро иваз кардааст. Аммо миллаташро иваз накардааст. Аз ҷумла, ҳазор соли охири он эътиқодманди Ислом аст. Дар ҳамин давра низ фарзандони асилаш сабру таҳаммул, фазилату дониш, фарҳанги миллии хешро ҳифз намуда, баъзе арзишҳои диниро низ ба он илова кардаанд. Намунаи хоси миллӣ-мазҳабии худро барои ҷаҳониён пешкаш намуданд ва бо номи миллати тоҷик маъруфи ҷаҳон гаштанд. Давлате сохтанд, ки исми маҳбуби он Тоҷикистон аст.

Таърих фаромӯш намешавад. Ҳодисаҳои солҳои 90-уми асри гузаштаро ҳамин ҳизб  роҳбарӣ карду сабабгори фоҷиаҳои мудҳиш гардид. Ҳоло мо аз шарм ҷангро «таҳмилӣ» ном кардаем. Киҳо онро тарҳрезӣ карданду болои миллат таҳмил, ба ҳама маълум аст.

Вале ба хотири наҷоту ваҳдати миллат ҳамаи ҷинояткорон бахшида шуданд. Аммо имрӯзҳо ба мо маълум аст, ки хоинони миллат фирор аз Ватан ҳастанду то ҳол оромии моро халалдор кардани мешаванд. Боис гӯш медиҳанд,  нигаронист, ки дар баъзе мамоликҳои Ғарб ба ҷонибдорони Кабирӣ ва «Гурӯҳи -24»Мо хоҳони онем, ки ҳама дар атрофи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсан ба сиёсати хирадмандонаи сардори давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ гардида,  барои пешрафти кишвари азизамон саҳмгузор ва барои амнияти халқу миллат ва давлати худ собитқадам бошем.

Ҳотамҷон Фаттоев, мудири кафедраи таърих ва

ҷомеашиносии коллеҷи омӯзгории ДДХ ба номи

академик Бобоҷон Ғафуров