(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Истилоҳи “терроризм» ва калимаи «террор» бо калимаи «таррор», ки дар забони тоҷикӣ дучор меояд, ҳаммаъно ва наздиканд. Таррор маънои дузд, роҳзан, ғоратгар ва қотилро дорад. Терроризм дар тамоми даврони зиндагии инсоният воситаи даҳшатбор ва бадбахтиовари муборизаи разилона ва ноҷавонмардонаи афроди ҷоҳилу нодон, буздилу тарсу, фосиқу авбош ва дузду қаллобу одамкуш алайҳи инсоният буду ҳаст.

Аз ин рӯ, терроризм ба ҳеҷ ваҷҳ роҳи ҳалли муаммою мушкилоти зиндагии инсонҳо нест, балки он як навъ вабо ва маризест, ки агар сари вақт пешгирӣ карда нашавад, инсониятро ба бадбахтиҳои гӯшношунид дучор карда метавонад.

Мутаассифона, дар тӯли солҳову қарнҳо таррор, яъне ноҷавонмардонаю разилонаю ваҳшиёна куштани одамону ғорати арзишҳои илмию фарҳангии инсоният кам нагардида, баръакс шаклу намудҳои наву разилонатаре ба худ мегирад.

Барои он ки ба ин зуҳуроти номатлуб баҳо дода шавад, пеш аз ҳама бояд заминаҳои пайдоиш ва ташаккулёбии онро дарк намуд.

Ба ақидаи мо, як заминаи асосии зуҳуроти терроризм манфиатҷӯӣ ва мансабталошии афроди ҷоҳилу бехирад ва сангдилу бераҳмест, ки манофеи шахсӣ ва шуҳратхоҳию ҷоҳталабии шахсиро аз арзишҳои миллию умумибашарӣ боло мегузоранд.

Барои террористон забону миллат, арзишҳои миллию умумиинсонӣ, ватан, сарзамин, модар, муқаддасоти миллӣ, расму ойин, урфу одат – хуллас унсурҳои зотию аслии ҳаёти инсонӣ ягон арзиш ё эътиборе надоранд. Барои онҳо молу сарват, неъматҳои моддию роҳати лаҳзагӣ, кайфу сафои шахсию тамаъҷӯӣ аз ҳама гуна муқаддасоту арзишҳои волои илмию фарҳангию маънавӣ болотар меистад.

Барои ба даст овардани сарвату давлат, барои ба даст гирифтани зимоми мансаб террористон аз тамоми роҳҳои пасту қабеҳ ва разилонаю пурманфур истифода мебаранд. Онҳо пеш аз ҳама барои амалӣ сохтани нақшаҳои нопоки худ аз нуқсону норасоиҳои ҳаёту ҳолатҳои ногувори рӯзгори одамон айёронаю маккорона истифода мебаранд.

Аз ин рӯ, заминаи дуюми сарзании ин зуҳуроти манфур нодонӣ, ноогоҳӣ, сатҳи пасти маърифатнокии иддае аз аъзои ҷамъият аст, ки дар натиҷаи афсункорӣ ва варсоқихониҳои сангдилону бадхоҳон ба доми макру фиреби онҳо меафтанд.

Террористон махсусан ҷавонони камтаҷриба, нодону ҷоҳил, ноогоҳу пастфитратро зуд ба доми найрангҳои хеш ҷалб карда метавонанд. Бинобар ин, имрӯз зарур аст, ки сатҳу савияи донишу маърифати ҷавонон боз ҳам ба дараҷаи баландтар бардошта шавад, то ки қурбони дасисаю фиреби бадхоҳон нагарданд.

Мутаассифона, ба доми макру фиреби ифротиён афтидани иддае аз ҷавонони тоҷик, ба амалҳои террористӣ ва ҷангҳои ба ном «Давлати исломӣ» дар Сурияю Ироқ ҷалб гаштани онҳо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки қувваҳои сиёҳдил наврасону ҷавонони моро гумроҳ намудаву ба сафи террористон кашида метавонанд.

Дар чунин ҳолат корҳои тарғиботию ташвиқотиро алайҳи терроризм, моҳияти он, мақсаду ниятҳои нопоконаю разилонаи вай пурзӯр намуда, мафкураи сиёсӣ ва дониши ғоявии наврасону ҷавононро баланд бардоштан лозим аст. Ба он бояд ноил гардид, ки дар ҳалли ин масъала тамоми сохторҳо ва зинаҳои ҷамъиятӣ, аз боғчаю мактаб то ташкилоту муассисаҳо, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, азҳобу ҳаракатҳои сиёсӣ фаъол ва муттафиқ бошанд. Онҳо нагузоранд, ки сияҳдилон, нопоку разилон, нонкӯрон – алғараз афроди бадандеш, бадният, душманони мафкуравӣ ба кишвари озоду демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ягонаю соҳибистиқлоли мо роҳ ёбанд, реша давонанд ва он комёбию арзишҳои бузургеро, ки ватани азизи мо дар солҳои Истиқлолият ба даст овардааст, дар назари наврасону ҷавононамон беэътибор созанд.

Имрӯз нақшу мақоми мактабу муассисаҳои таълимӣ дар маърифатнок намудани наврасону ҷавонон, тарбияи ғоявию маънавии онҳо, бо донишҳои сиёсию ахлоқӣ мусаллаҳ кардани наслҳои ҷавон бағоят муҳим бояд бошад. Дар мактабҳо рӯзи ягонаи сиёсӣ ташкил намудан, тарғибу ташвиқи ғояҳои ватандӯстӣ, худогоҳии миллию хештаншиносӣ басо муфид хоҳад буд. 

Раъно Бобоҷонова , муовини директор оид
ба таълими гимназия №13-и шаҳри Хуҷанд