(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Изҳори тасаллиёти Маъруф Муҳаммадзода ба фавтидагони фоҷиаи КемеровоРаиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба Консулгарии Федератсияи Руссия дар шаҳри Хуҷанд рафта, робита ба фоҷиаи Кемерово изҳори тасаллият намуд. Ҳамчунин ба лавҳаи  ёдбуди назди консулгарӣ гул гузошта, дар дафтари ёдбуд тасаллиёти хешро қайд намуд.

Маъруф Муҳаммадзода ҳамдардии амиқи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва сокинони шаҳрро ба аҳли оила ва пайвандони фавтидагон расонида, ҳамзамон дақиқаи поси хотир намуд.

Консули генералии Федератсияи Руссия дар шаҳри Хуҷанд Валерий Бондаренко миннатдорӣ баён намуда, аз ҷумла, иброз дошт, ки сокинони шахри Хуҷанд аз дақиқаҳои аввали фоҷиа ғамшарик гардида, ғаму андӯҳи худро барои фавтидагон тариқи шабакаҳои иттилоърасон баён карда,  аксарияти онҳо саҳафоти манобеии интернетиашонро бо лифофаҳои азодорӣ нишон доданд.

Бояд қайд намуд, ки дар изҳори ҳамдардӣ ҳамчунин омӯзгорону кормандони соҳоти гуногуни шаҳр, сокинон ва намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҳузур доштанд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи якшанбеи ҳафтаи гузашта дар бинои маркази савдои чорошёнаи "Зимняя вишня" дар шаҳри Кемерово сӯхтор рух дод. Манбаи сӯхтор дар ошёнаи болоӣ будааст, ки дар он ҷо якчанд кинотолор ва майдончаҳои бозии кӯдакон бо аттраксионҳо, вуҷуд доштанд. Дар натиҷаи сӯхтор, тибқи маълумоти охирин, 64 нафар ба ҳалокат расидаанд, ки дар байнашон кӯдакони зиёд будаанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд