(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Наврӯзи хуҷастапайи ХуршедшаҳрСубҳи наврӯзии шаҳри бостонии Хуҷанд бо садои карнаю сурнай ва суруду таронаҳои баҳорӣ оғоз гардид. Кӯчаву хиёбонҳои шаҳр бо лолаҳои наврустаю гулҳои баҳорӣ ва шиору овезаҳои наврӯзӣ фазои идонаро пурнуртар менамуд. Ҳамагон ба сӯйи идгоҳ-Маҷмааи таърихию фарҳангии Боғи Камоли Хуҷандӣ шитофтанд. Дар паҳнои боғи ин шоири оламшумул зиёда аз 90 хаймаҳои мазмуни наврӯзидоштаи намояндагони касбу кори гуногуни ин шаҳри бостонӣ бори дигар аз бузургию шаҳомати Наврӯзи Аҷам шаҳодат медод.

Муовини Сарвазири мамлакат Маҳмадтоҳир Зокирзода, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, меҳмонони хориҷӣ ва дохилӣ нахуст аз растаи хаймаҳо дидан намуданд. Ҳар як хайма мазмуну маънои хешро дошт. Агар яке анвори ҳунарҳои мардумиро муаррифӣ менамуд, дигар дастархони пурнози наврӯзиро.

Наврӯзи хуҷастапайи Хуршедшаҳр Намунаи маросиму анъанаҳои мардумӣ ва суннатҳои аҷдодон бо маҳорати баланд муаррифӣ карда шуд. Кӯдакону наврасон аз пайки наврӯзӣ табли шодӣ мезаданд.

Меҳмонон ба санъату маҳорати ҳар як намоиш баҳои баланд дода, тарғиби минбаъдаи онро муҳим арзёбӣ намуданд.

Маҳмадтоҳир Зокирзода, муовини Сарвазири мамлакат, зимни ироаи табрикоти наврӯзӣ, сокинони шаҳри Хуҷандро аз номи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табрику таҳният гуфта, аз ҷумла зикр сохт, ки «Бо омад-омади Наврўз, ки айёми умеду орзуҳои наҷиб мебошад, табиат баъди фасли сармо аз нав зинда мешавад, кишоварз ба замин донаи умед мекорад. Хуршеди пурҳарорати наврўзӣ ба хонадон ва қалби ҳар яки мо нуру зиё мебахшад ва дар қалбҳои мо эҳсоси самимии накўкорӣ ва созандагиро бедор мекунад. Яке аз суннатҳои бисёр неку шоистаи Наврўз он аст, ки одамон ба истиқболи ин ҷашни фархунда натанҳо макони зисту ашёи рўзгор ва сару либоси хешро нав ё тозаву озода мегардонанд, балки қалбу ботини худро аз кинаву адоват ва хушунату бадбинӣ пок месозанд, ҳамдигарро бо чеҳраи кушоду оғўши пурмеҳр истиқбол мегиранд».

Наврӯзи хуҷастапайи ХуршедшаҳрРаиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба мардуми шаҳри Хуҷанд Паёми табрикотии хешро расонида, аз ҷумла таъкид дошт, ки «Сокинони шарафманди вилояти Суғд чун дигар ҳамватанон шукргузорӣ аз он менамоянд, ки бо иқдоми наҷиб ва шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иди миллӣ ва аҷдодии мо – Наврӯз дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун рамзи дӯстии халқҳои соҳибфарҳанг ва тамаддунпеша бо шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Ҷаҳонӣ гардидани ин ҷашни аҷдодӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки даар шароити кунунӣ воқеан ташаббусҳои Сарвари давлати мо ҳамчун ибтикори инсонгароёна ва ифодагари ниёзҳои башарият аз сӯйи ҷомеаи ҷаҳонӣ истиқболи самимӣ пайдо намуда, мавқеъ ва мақоми кишвари соҳибтамаддуни моро дар арсаи олам боло мебардорад. Имрӯз ин ҷашни бостониву фархундаро аҳли сайёра ҳамчун нишонаи эҳёи табиат, рамзи сулҳу дӯстӣ, вусъати ободкориву созандагӣ ва робитаҳои неки байни халқу миллатҳои гуногуни дунё истиқбол мегиранд.Наврӯзи хуҷастапайи Хуршедшаҳр Таҷлили ин ҷашни ҳумоюнӣ дар соле, ки бо иқдоми Пешвои миллат ҳамчун «Соли рушди  сайҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидааст, шукӯҳи онро боз ҳам бештар мегардонад, зеро Наврӯзи Аҷам беҳтарин падидаҳои фарҳанги аҷдодии моро дар худ ҳифз намудааст. Дар ин бора Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид наамудаанд: “Мардуми сарбаланди тоҷик аз қадим Наврӯзро бо маросими густурда ҷашн гирифта, дар он беҳтарин ҳунару истеъдод ва хислатҳои неки инсониро ба намоиш мегузоштанд”.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода насими ҷонбахши Наврӯзи байналмилал ба кулли сокинон таҳният гуфта, аз ҷумла таъкид сохт, ки Наврӯз ҳамчун ҷавҳари тобнок ва нишонаи ҷовидонаи тамаддуни халқи тоҷик ҳамеша нигоҳдорандаи мардум, забон, расму ойин, фарҳангу таърих ва ниҳоят Ватан будааст. Аз ин рӯ, Наврӯз барои мардуми мо ҷашни ниҳоят муборак буда, дар моҳи Фарвардин, ки маънои пок, озода, қудсӣ ва муқаддасро дорад, таҷлил мегардад.

Сипас, аҳли фарҳанги шаҳр барномаи рангини консертиро бо фарогирии тамоми анъанаҳои миллии наврӯзӣ ба маърази тамошо гузоштанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд