(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Наврӯзи хонандагони литсейи физикӣ-математикии №1Муҳассилину омӯзгорон ва волидайни литсейи физикӣ-математикии №1-и ба номи академик Муҳаммад Осимӣ бо шукргузорӣ аз сулҳу Ваҳдати миллӣ, фазои орому осоиштаи кишвар Наврӯзи байналмилалро дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил намуданд.

Хонандагони синфҳои болоии литсей бо оростани дастархони наврӯзии фарогир бо ҳафт сину ҳафт шин ва ҳафт мим, таъомҳои миллӣ ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуданд. Ҷавонписарон бо пухтани оши палав, замзамаи суруди дӯстони домод ва дигар таронаҳои наврӯзӣ табъи ҳозиринро болида намуданд. Байни духтарон ва писарон санъати бадеҳагӯйӣ бо маҳорати хуб ироа гардид. Толибаҳои литсей маҳсули дӯхти ҳунарҳои мардумии хешро ба маърази тамошо гузошта, онро муаррифӣ намуданд. Гулдухтарон дар намоиши либосҳои мӯди миллӣ фаъол буданд.

Намояндагони Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва шуъбаи маориф Номаи табрикотии Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзодаро ба ҳозирин расониданд, ки дар он аз ҷумла зикр шудааст: «Наврӯз таърихи беш аз шашҳазорсола дорад, ки далели қадимӣ будани миллати тоҷик мебошад. Наврӯз ҷашни баробарии инсоният, оини дӯстиву самимият, таҳаммулгароӣ ва аз дилҳо берун андохтани кинаву адоват буда, ҷашни зебоиву накўӣ, шукуфоиву арҷгузорӣ ба суннатҳои миллӣ мебошад.Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон Наврӯз ҳамчун рукни муҳими худшиносии миллӣ, василаи  пайванди  наслҳо, робитаи гузаштаю имрӯза дониста шудааст. Чи хеле ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ифода кардаанд, «Миллати тоҷик соҳиби ойину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадима буда, дар тамаддуни  ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст».

Зикр гардид, ки Наврӯз дар давоми таърихи чандинҳазорсолаи хеш бурду бохтҳои зиёдеро аз сар гузаронида, ҳамчун рамзи безаволи тамаддуни ориёӣ бо мазмуну мӯҳтавои зиндагисози худ то имрӯз ҳангоми аз бурҷи Ҳут ба бурҷи Ҳамал ворид шудани офтоб ва фарорасии рӯзи эътидоли баҳорӣ бо номҳои иди рӯзи нав, оғози сари сол, эҳёи табиат ва бедории замин аз канораҳои Вароруд то Халиҷи Форс ҷашн гирифта мешавад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд