(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Наврӯзи “Мевағул”Маҳаллаи «Мевағул»-и шаҳри Хуҷанд дар МТМУ 22-и шаҳр чорабинии наврӯзии хешро ботантана таҷлил намуд. Муҳассилини мактаби номбурда маҳсули ҳунарҳои мардумиро ба маърази тамошо гузошта, ҳамчунин дастархони наврӯзиро бо таъомҳои миллӣ ва ҳафт сину ҳафт шин оро доданд.

Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Мӯҳсин Миркамолов Номаи табрикотиии Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзодаро ба муносибати Иди Наврӯзи байналмилал ба самъи сокинони маҳаллаи “Мевағул” ироа намуд, ки дар он аз ҷумла зикр гардидааст: «Боиси ифтихор аст, ки ин ҷашни муқаддасу мубораки мо бо пешниҳоди  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии  мамлакатҳои дигар аз ҷониби  Созмони Миллали Мутаҳҳид мақоми  ҷаҳонӣ  гирифта, аз соли 2010 инҷониб дар саросари олам бо шукӯҳу шаҳомоти хоса ҷашн гирифта мешавад.

Соли ҳаштуми Наврӯзи байналмилалиро дар вилояти Суғд таҳти раҳнамоиҳои Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода бо шукӯҳу шаҳомати хоса истиқбол хоҳем кард».

Таъкид шуд, ки таҳти сиёсати  оқилонаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу  ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқболу тантанаи Наврӯз рангу ҷилои нав гирифт. Мардуми сарбаланди шаҳри Хуҷанд дар қатори дигар сокинони вилояти Суғд иқдоми  неки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  оид ба эълон гардидани соли 2018 - «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» гарм истиқбол намуда, ба ободии кишвар, рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, эҳёи анъанаҳои ниёгонамон эътибори ҷиддӣ зоҳир намуда, мехоҳанд, бо ин васила дар рушду  таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва расидан ба ҳадафҳои  олии инсонӣ  саҳми назаррас  гузоранд.

Зикр гардид, ки ҷаҳонишавии Наврӯз, мо, ворисони ин ҷашни зебову ҳумоюни аҷдодиро водор месозад, ки дар баробари ифтихор кардан инчунин барои минбаъд дар сатҳи баланд таҷлил ва эҳё намудани суннатҳои ахлоқиву маънавӣ ва фарҳангиву миллии он иқдомҳои бештар намоем ва ба аҳли олам ҷиҳати муаррифӣ намудани фазилатҳои волои инсондӯстонаи он пайваста азму талош кунем.

Барномаи рангини фарҳангии наврӯзӣ табъи ҳозиринро болида намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд