(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Кӯмакҳои наврӯзии Раиси вилоят ба собиқадоронДар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ ба 33 нафар собиқадорони аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва вилоятидошта кӯмакҳои якдафъаинаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода тақдим карда шуд.

Назира Ғаффорӣ, муовини Раиси вилояти Суғд Паёми табрикотии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро ба собиқадорон расонд, ки дар он аз ҷумла гуфта шудааст: «Сокинони шарафманди вилояти Суғд чун дигар ҳамватанон шукргузорӣ аз он менамоянд, ки бо иқдоми наҷиб ва шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иди миллӣ ва аҷдодии мо – Наврӯз дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун рамзи дӯстии халқҳои соҳибфарҳанг ва тамаддунпеша бо шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Ҷаҳонӣ гардидани ин ҷашни аҷдодӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки даар шароити кунунӣ воқеан ташаббусҳои Сарвари давлати мо ҳамчун ибтикори инсонгароёна ва ифодагари ниёзҳои башарият аз сӯйи ҷомеаи ҷаҳонӣ истиқболи самимӣ пайдо намуда, мавқеъ ва мақоми кишвари соҳибтамаддуни моро дар арсаи олам боло мебардорад. Имрӯз ин ҷашни бостониву фархундаро аҳли сайёра ҳамчун нишонаи эҳёи табиат, рамзи сулҳу дӯстӣ, вусъати ободкориву созандагӣ ва робитаҳои неки байни халқу миллатҳои гуногуни дунё истиқбол мегиранд».

Сипас аз ҷониби Назира Ғаффорӣ, муовини Раиси вилояти Суғд ва Маъруф Муҳаммадзода, Раиси шаҳри Хуҷанд ба 33 нафар собиқадорони аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва вилоятидошта кӯмакҳои пулӣ тақдим карда шуд.

Нависанда Маъруф Бобоҷон, ин иқдомро шоистаи таҳсин унвон намуда, таъкид дошт, ки таваҷҷуҳ ва ғамхории пайваста ба собиқадорон худ аз давлати иҷтимоӣ ва раъиятпарварии Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гувоҳӣ медиҳад. Тозакориву ободкорӣ ва гулкориву созандагии диёр аз ҷониби Раиси вилоят Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода сокинони пуршарафи ин шаҳри бостониро илҳоми тоза мебахшад. Ва ҳамзамон тақозо менамояд, ки аз ин бештару хубтар ба нафъи Давлату миллат хизмат намоем.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода барои таваҷҷӯҳ ва ба ғамхорӣ фаро гирифтани собиқадороне, ки корҳои шоиста дар ҷумҳурӣ ба анҷом расонидаанд ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода миннатдорӣ баён намуда, таъкид дошт, ки минбаъд низ чунин қишри ҷомеа зери назари доимии Мақомоти иҷроияи ҳокиияти давлатии шаҳр қарор мегирад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд