(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Иштироки беш 10 000 нафар дар машқи пагоҳирӯзӣ, дави наврузӣ ва марафони велосипедронӣ дар шаҳри ХуҷандСубҳи имруз дар доираи тантанаҳои ҷашни Наврӯзи байналмилал беш аз 10 ҳазор нафар сокинони касбу кори гуногуни шаҳри Хуҷанд дар назди Маҷмааи ҳавзи шиноварӣ ҷамъ шуда, бо ҳадафи солимгардонии тану руҳ машқи пагоҳирӯзӣ гузарониданд. Ҳамзамон шаҳрвандони варзишдӯст аз назди Маҷмааи таърихию фарҳангии «Истиқлол» то микроноҳияи 3- юм дар дави наврузӣ ва марафони велосипедронӣ фаъолона иштирок намуданд.

Аюб Раҳматзода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд дар оғози чорабинӣ иштироки намуда, Паёми Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзодаро ба муносибати Дави наврӯузи раоснида, аз ҷумла зикр сохт, ки ҳадафи Мақомоти иҷроияи ҳокияти давлатии шаҳр ин солимии тану  рӯҳ ва обутоби бадан буда, ташаккули ҷисмонии сокинон ба манфиати худи онҳо ва ҷамъияту давлат мебошад.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд