(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Наврӯзи «Чорчароғ»Аҳли бошандагони маҳаллаи «Чорчароғ»-и шаҳри Хуҷанд бо шукргузори аз ҳаёти осишта ва баракати сулҳу Ваҳдат Наврӯзи байналмилалро дар МТМУ №20-и шаҳр таҷлил намуданд.

Дар чорабинии идона намояндаи Мақомоти иҷрия ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Манзурат Сатторова ва Раиси Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ иштирок ва Паёми табрикотии наврӯзии Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзодаро  ба аҳли маҳалла расониданд.

Таъкид шуд, ки Наврӯз ҳамчун ҷавҳари тобнок ва нишонаи ҷовидонаи тамаддуни халқи тоҷик ҳамеша нигоҳдорандаи мардум, забон, расму ойин, фарҳангу таърих ва ниҳоят Ватан будааст. Аз ин рӯ, Наврӯз барои мардуми мо ҷашни ниҳоят муборак буда, дар моҳи Фарвардин, ки маънои пок, озода, қудсӣ ва муқаддасро дорад, таҷлил мегардад. Мо имрӯз ба шарофати истиқлолияти давлатӣ Наврӯзро ҳамчун ифодагари ормонҳои миллии мардуми тоҷик бо самимият ва шаҳомати хоса таҷлил мекунем ва рӯҳи озодаи онро дар вуҷуди худ дубора эҳсос менамоем. Наврӯз дар давоми таърихи чандинҳазорсолаи хеш бурду бохтҳои зиёдеро аз сар гузаронида, ҳамчун рамзи безаволи тамаддуни ориёӣ бо мазмуну мӯҳтавои зиндагисози худ то имрӯз ҳангоми аз бурҷи Ҳут ба бурҷи Ҳамал ворид шудани офтоб ва фарорасии рӯзи эътидоли баҳорӣ бо номҳои иди рӯзи нав, оғози сари сол, эҳёи табиат ва бедории замин аз канораҳои Вароруд то Халиҷи Форс ҷашн гирифта мешавад.

Сипас, аз ҷониби хонандагону омӯзгорони МТМУ №20-и шаҳр бо маҳорати баланд намоиш дода шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд