(0 овоз, миёна 0 аз 5)

1 май Наврӯзро ҷашн гирифтДар МТМУ №26- и шаҳри Хуҷанд тантанаҳои наврӯзии  маҳаллаи "1 май" таҷлил карда шуд. Дар чорабинӣ аҳли маҳалла, фаъолон, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, хонандагону устодони мактаби номбурда иштирок  намуданд.

Зикр гардид, ки Наврӯз мардум гирди хони идона ҷамъ омада, нақшаҳои ободкориву созандагӣ мекашанд, хонаву кошона ва макони зисташонро поку озода намуда, ба зиндагӣ бо диду андешаи нав менигаранд, ки ин навгониву навсозӣ ҷузъе аз фарҳанги қадимаи тамаддунсози мо - тоҷикон буда, нишонаи кӯшиш барои беҳтар зистан, шукронаи табиат ва неъматҳои онро ба ҷо овардан мебошад. Тавре аз сиришту таърихи ин ҷашн бармеояд, Наврӯз борҳо бо ҳодисаву монеаҳои сиёсиву иҷтимоӣ дучор гардида, бо мазмуну мӯҳтавои зиндагисози худ ҳамчун ойини покиву зебоипарастӣ ва ҷашни хоси табиат побарҷо мондааст.

Ин ҷашни бостонӣ дар замони давлатдории хонадони Сомониён бо тамоми русуму суннатҳои худ дубора эҳё гардидааст, ки шаҳодати эътирофу гиромӣ доштани он дар осори аҳли адаби ин давра, бахусус дар эҷодиёти устод Рӯдакӣ тараннум ёфтааст.

Барномаи рангини консертӣ фарогирӣ анънаҳои миллии наврӯзӣ табъи ҳозиринро болида намуд.

Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Хуршеда Хоҷазода аҳли маҳалларо аз номи Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода таҳният гуфта, барояшон бахту саодати наврӯзӣ, фараҳу шодӣ, иқболи баланд ва тансиҳативу сарбаландӣ ва рӯзгори осуда орзу намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд