(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандонро, ки дар раванди сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.М.Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 9- марти соли 2018 ба имзо расида буд, бо мақсади анҷоми расмиёти дохилидавлатӣ барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуд.

Созишномаи мазкур тартиб ва шартҳои мусофирати мутақобилаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистонро танзим менамояд.

Ин Созишнома аз рӯзи гирифтани огоҳиномаҳои хаттӣ дар бораи аз ҷониби Тарафҳо иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатӣ эътибори ҳуқуқӣ пайдо мекунад.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд