(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ифтитоҳи толори варзишии «Темурмалик»Дар МТМУ №23-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода толори варзишии «Темурмалик» ифтитоҳ гардид.

Дар маросими ифтитоҳии он директории Муассисаи давлатии «Мактаби маҳорати олии варзишии вилояти Суғд Фурқат Абдуллоев иттилоъ дод, ки толори варзишии «Темурмалик», ки як қисми толори варзишии МТМУ №23-и шаҳри Хуҷанд буд, мавриди таҷдид ва азнавсозӣ қарор гирифта, он ба макони машқу тармими варзишгарони намуди бокс мубаддал гардонида шуд. Дар ин ҷой ҷавонон баҳри омодагӣ ва иштироки фаъол дар мусобиқаҳои дохилию хориҷӣ тамрин менамоянд. Дар ин толор 20 нафар ҷавонони шаҳр дар як вақт метавонанд ба обутоби бадан ва омӯзиши хусусиятҳои намуди варзиш оид ба бокс машғул шаванд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ин иқдомро нек арзёбӣ намуда, таъкид намуд, ки он дар партави амалӣ гардидани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бунёди майдончаҳои хурди варзишӣ ва рушди сексияҳои гуногуни варзишӣ сурат гирифта истодааст. Дар ин самт баҳри омода намудани ҷавонон ба мусобиқаҳои дохилию хориҷӣ саҳми мураббиён муҳим аст. Аз ин лиҳоз, мураббиёнро зарур аст, ки бояд аз тамоми имконоту василаҳо истифода намуда, баҳри оммавӣ гардонидани варзиш саҳмгузорӣ намоянд.

Аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба Ҷаҳон Қурбонов, иштирокчии ду бозиҳои Олимпӣ, ҷоизадори чемпионати Осиё низ супориш дода шуд, ки барои тайёр намудани ҷавонон дар мусобиқаҳои Осиё ва ҷаҳонӣ аз таҷрибаву маҳорати хеш омӯзонад, то ин ҷавонони шаҳри Хуҷанд низ парчамбардори чунин мусобиқаҳо гарданд.

Мураббиёни варзида Воҳид Расулов ва Саидхоҷа Маъмуров ин иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро нек арзёбӣ намуда, аз ҷумла таъкид доштанд, ки ин ҳама баҳри тарбияи ҷавонони солими ватандӯст ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ мусоидат хоҳад намуд.

Дафтар матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд