(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Бозиҳои наврӯзӣ дар ХуҷандСанаи 18 марти соли равон бахшида ба Рӯзи Наврӯзи байналмилал дар шаҳри Хуҷанд озмуни вилоятии «Бозиҳои миллӣ» баргузор мегардад. Макони баргузории озмун варзишгоҳи «Хуррамшаҳр»-и ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров интихоб шудааст.

Интизор меравад, ки дар ин озмун мусобиқа аз рӯйи намудҳои гуногуни бозиҳои миллӣ, аз қабили бодбарак, буҷул, чиллакбозӣ, дастхобонӣ, лакпар, арғамчинкашӣ ва ғайраҳо баргузор, ғолибон муйяну бо тӯҳфаҳо қадршиносӣ хоҳанд шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд