(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ узви ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёт қарор дорад.

Имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри XXI табдил ёфтааст.

Терроризм ҳамчун падидаи мураккаби иҷтимоӣ-сиёсӣ ва ҷиноӣ аз зиддиятҳои дохилӣ ва берунаи рушди иҷтимоӣ вобаста мебошад. Экстремизм ва терроризм дар маҷмӯъ хатари воқеӣ ҳам ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳам барои кишвари мо ба ҳисоб меравад.

Муҳити ҷавонон бо хусусиятҳои иҷтимоии худ ва дарки муҳити атроф яке аз қисмҳои ҳассоси ҷомеа ба ҳисоб меравад, ки дар он иқтидори манфӣ барои эътироз, босуръат ба амал меояд. Зери таъсири омилҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва щайра дар муҳити ҷавонон онҳое, ки бештар ба ин таассурот гирифтор ҳастанд, дучор мешаванд,ташаккули ақидаҳои радикалиро ба вуҷуд меоранд. Ҳамин тариқ, шаҳрвандони ҷавон сафи созмонҳои экстремистӣ ва террористиро зиёд менамоянд, ки дар ин раванд ҷавонони тоҷик ҳам истисно нестанд. Ҳамаи гурӯҳҳои эктремистии ҷавонон характери щайрирасмӣ доранд. Барои ҳамин ҳам аксар вақт ҷавонон дар бораи заминаи идеологӣ доштани ин гурӯҳҳо ва ҳаракатҳои ифротӣ тасаввурот надоранд ва онҳо зери таъсири шиорҳои баланд, хусусиятҳои зоҳирӣ ва ҷузъиёти дигар қарор мегиранд.

Ба хотири таъмини донишомӯзии наврасону ҷавонон солҳои охир аз тарафи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зиёде ба сомон расонида шуданд. Ба монанди таъмиру таҷдиди мактабҳо, сохтмонҳои муассисаҳои таълимии наву замонавӣ, сифати чопи китобҳои дарсӣ ва дастрасии онҳо, компютеркунонии муассисаҳои таълимӣ амалӣ гардонида шуда, Китобхонаи миллӣ бо таҷҳизоту технологияи пешрафтатарин ба истифода дода шуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон муборизаро бар зидди падидаҳои номатлуби ҷаҳони муосир ҳамчун вазифаи муҳимтарин ҳисобида, ҳамкориҳои худро бо мақсади пешгирӣ ва решакан кардани амалҳои террористӣ тақвият дода, механизми муқобилиятро бар зидди он дар асосҳои ҳуқуқҳои байналмиллалӣ такмил медиҳад.

Ҷавонони мо ҳамаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишварро асоси кору фаъолияти худ намуда, баҳри пешрафти кишвари азизамон, ободии Ватан ва соҳиб шудан ба дастовардҳои истиқлолият саъю кӯшиш менамоянд.

Саврӣ Алибоева, омӯзгорони фанни забон
ва адабаёти тоҷик МТМУ №7 ш. Хуҷанд