(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Донишҷӯдухтарони ғолиб муайян шудандБахши кор бо ҷавонон ва варзиш тибқи нақшаи муштарак бо шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо мақсади баланд бардоштани малакаи варзишии донишҷӯдухтарон, ҷалби онҳо ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим дар ин замина пешгирии аз ҳаргуна ҳодисаҳои номатлуб аз санаҳои 19 феврал то 1 марти соли 2018 дар толорҳои варзишии Донишгоҳҳои олӣ ва коллеҷҳои шаҳр, спартакиадаи байни донишҷӯдухтарони Донишгоҳҳои олӣ ва коллеҷҳои шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи Модар ва Соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз рӯи намудҳои варзишии волейбол, шашка, шоҳмот, тенниси рӯи миз ва варзиши сабук (давидан ба масофаи 100м) ташкил ва баргузор намуданд.

Натоиҷи бозӣ дар толори варзишии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ бо иштироки мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Бахтиёр Исматҷонон ва мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳри Хуҷанд Муяссар Сангинова ҷамъбаст ва ба ғолибони мусобиқа ҷом, медал, диплом, ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд