(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Маъруф Муҳаммадзода дар чорабинии Рӯзи модари МТМУ №16  иштирок намудСубҳи имрӯз бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва омӯзорону собиқадорони маориф ва муарббияҳои фаъоли шаҳр дар МТМУ №16 чорабинии идона бахшида ба Рӯзи модар баргузор гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд нахуст аз дастоварди ҳунарҳои мардумии маҳсули хонандагони мактаби мазкур ошногӣ пайдо намуда, барои инкишофи он ба масъулини соҳа ва роҳбарияти мактаб дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Маъруф Муҳаммадзода интихобан ба дарси яке аз муаллимаҳои ҷавони МТМУ №16 Фарангис Ҷӯраева аз фанни забони англисӣ дар мавзуъи "Дастовардҳои Тоҷикистон баъди ҷанги шаҳрвандӣ" барои хонандагони синфи 10 "б"-и иштирок намуда, ба маҳорати забондонии муҳассилин баҳои баланд дод. Маъруф Муҳаммадзода дар чорабинии Рӯзи модари МТМУ №16  иштирок намудРаиси шаҳр дастур дод, то ин ки хонандагон бо истифода аз имконоту захираи мавҷуда баҳри омӯзиши 2 ва 3 забонҳои хориҷӣ ҷаҳд намоянд. Зеро омӯзиши забони хориҷӣ роҳи инкишофи ояндаи моро ҳамвор хоҳад сохт.

Сипас дар толори муассиса бо иштироки фаъолони соҳаи маорифи шаҳр ҷамъомад тантнавӣ сурат гирифт. Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода нахуст омӯзгоронро бо Рӯзи модар таҳният гуфта, таманно намуд, ки бахту иқболи бардавом, саодати ҳамешагӣ, хушиҳои рӯзгор ва фурсатҳои пурнишоти умр ҳамнишонашон бод.

Таъкид гардид, ки ҳамасола 8-март дар қаламрави Тоҷикистони азизи мо ин рӯзи зебои оғози айёми шукуфоиҳои ҳаёт - ҳамчун Рӯзи мубораки мансуб ба номи Модар дар сатҳи баланд таҷлил мегардад. Бузургдошти ин санаи муқаддас, ки бо ибтикороти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ҳама ба хотири эҳёи яке аз қадимтарин ҷашнвораҳои миллати мо, ки ба гиромидошти занону модарон иртибот доштааст, расмияти давлатӣ пайдо намуд. Ин ҷашн рисолати ҷомеаро дар муносибат ба эҳтироми модарону хоҳарони арҷманд баланд бардошта, гувоҳи эътибору манзалати волои бонувон дар ҷомеи соҳибистиқлоли Тоҷикистон мегардад. 
Ин ибтикор аз дигар ҷониб баёнгари он аст, ки дар сиёсати кунунии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон низ ҳамин суннатҳои деринаи фарҳанги миллӣ ба шоистагӣ татбиқ гардида, мақоми занону бонувон чун фармудаҳои мутафаккирони бузургу донишмандони соҳибназари мо аз қадим то ба имрӯз дар ҷойгоҳи шоистае қарор мегирад.

Маъруф Муҳаммадзода дар чорабинии Рӯзи модари МТМУ №16  иштирок намудРаиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки ҳоло беш аз 90 фоизи кормандони соҳаи маорифи Хуҷандро модарону бонувон ташкил медиҳанд. Дар муассисаҳои таълимии шаҳр муаллимаю мураббияҳои азиз рисолати муқаддаси омӯзгорию тарбиятгарии худро бо маҳорату малакаи воло, бо муҳаббату самимияти бепоён иҷро намуда, ба насли наврас сабақаи маърифату одамият меомӯзанд. Имрӯз номи садҳо занону модарон, ки як зумраи онҳо дар толор ҳузур доранд, шоистаи зикр аст, ки ҳанӯз бо азму иродаи матин дар пешбурди фаъолияти соҳа, тарбияи кадрҳои ҷавон содиқона заҳмат кашида, нур-бахшу маҳфилорои тамоми ҷамъомаду чорабиниҳо мебошанд. Ин модарони арҷманд на танҳо боиси ифтихори аҳли маорифи шаҳри Хуҷанд, балки тамоми сокинони вилояту ҷумҳурӣ ҳастанд.

Иттилоъ дода шуд, ки омӯзгорон ҳамчун олиҳаву орифаҳои покиву садоқат, машъалафрӯзони зиндагӣ ва ҳидоятгарони некиву накӯкорӣ фарзандони мардумро дар рӯҳияи садоқат ба арзишҳои миллию умумибашарӣ ба камол мерасонанд. Имрӯз ҳамагон аз файзи раҳнамоию лутфу марҳамати як зумра бонувони собиқадори маорифи шаҳр ба монанди Фотима Самадова, Муқаддам Юсупова, Раҳбар Баҳодурова, Наимахон Мӯъминова, Биинобат Маҳмудова, Рафоат Раҳимова, Саноат Сангинова, Улфат Ахмедова, Шамсия Бой-матова, Фотима Аҳророва, Тавҳидахон Баҳриддинова ва дигарон баҳраманд гардида, ба сӯи уфуқҳои тозаи муваффақият қадам мезананд.
Гуфта шуд, ки ҳамчунин, фаъолияти як қатор омӯзгорони пешқадаму эҷодкор ва навовар ба монанди, Зебо Аминова, Мавлуда Ғаниева, Заррина Ҷӯраева, Адолат Ҳайдарова, Нигора Ҷӯраева, Малика Исобоева, Тахмина Абдуалиева, Заррина Хӯҷаева, Фирӯза Файзуллоева ва дигарон, ки анъанаҳои неки педагогии собиқадорони маорифро идома дода, бо дастовардҳои намоён шоистаи тавсифу таҳсин мебошанд. Теъдоди чанде аз омӯзгорони ҷавон низ омили пешрафти кори таълиму тарбия дар шаҳри Хуҷанд гардидаанд. Умуман нақшу мақоми бонувону хоҳарон дар пешрафти соҳаи маориф хеле барҷаста мебошад. Онҳо бо истифодаи роҳу усулҳои муосири таълиму тарбия, азму иродаи қавӣ ҳамаи мушкилиҳои пешаи пурзаҳмати омӯзгориро паси сар карда, бо сеҳри сухан, панду андарз ва таҷрибаи ҳаётӣ барои камолоти маънавию ахлоқии шогирдон бедареғ заҳмат мекашанд.

Сипас Мусобек Мироватов, раиси Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маорифи вилоят занону бонувонро бо Рӯзи модар таҳният гуфт.
Аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд ба як қатор фаъолони соҳаи маориф шаҳр тӯҳфаю сипосномаҳо тақдим карда шуд. Ҳамчунин якчанд адад аспоби мусиқӣ, пианино, дастгоҳи тақвияти овоз ба маъмурияти мактаби номбурда супорида шуд.
Маъруф Муҳаммадзода, Раиси шаҳри Хуҷанд пайғоми некр ба аҳли ин муассиса расонд, ки соли ҷорӣ бо мақсади таъмиру таҷдиди толори варзиши мактаб беш аз 100 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо ва ҳамчунин як синфхонаи озмоишгоҳии фанни химия таҷҳизонида мешавад.
Барномаи рангини фарҳангӣ фарогир бо шеъру сурудҳои ватандӯстона табъи ҳозиринро болида намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд