(0 овоз, миёна 0 аз 5)

«Ҳомиёни ҷасури Ватан» дар «Спартак» қувваозмоӣ намудандБо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд якҷоя бо шӯъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд, иттифоқи собиқадорони ҷанговарони интернатсионалист, комиссариати ҳарбии шаҳри Хуҷанд ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, тарбияи ахлоқӣ ва маънавии ҷавонон, тайёр намудани ҷавонон барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санҷиши донишу малакаи касбии онҳо дар Муассисаи давлатии варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд мусобиқаи ҳарбӣ – варзишии «Ҳомиёни ҷасури Ватан» байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳои шаҳр баргузор гардид.

Мусобиқа аз рӯи чунин шарти ҳаракатҳои сафӣ, давидан ба масофаи 100 метр, партоб намудани норинчак ба масофаи муайян, кашидани вазн, вазнбардорӣ, ба қисмҳо ҷудо ва ҷамъ кардани қисмҳои силоҳи оташфишони тамғаи Калашников, тирҷойкунӣ ба тирдон, тирпарронӣ аз туфанги пневматикӣ ва ғайраҳо сурат гирифт.

Дар мусобиқаи мазкур 7 дастаи беҳтарин бо фарогирии зиёда аз 80 нафар ҷавонон иштирок намуданд.

Дар натиҷа ҷойи аввал насиби дастаи гимназияи №4, ҷойи дуюм дастаи «Ирфон» ва ҷои сеюмро муҳассилини МТМУ №18 ба даст оварданд. Ба ғолибони мусобиқа ифтихорнома ва тўҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд