(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Кӯдакон-ҳимоятгарони ояндаи ВатанДар 41 муассисаҳои таълимии томактабии шаҳри Хуҷанд маҳфилҳои хушҳолии идона бахшида ба 25 солагии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта истодааст. Чунин чорабинии тарбиявӣ дар ширхоргоҳ-кӯдакистони № 32-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки сарбозони қисми ҳарбӣ, волидайн ва кӯдакону мураббиёни ин муассисаи таълимӣ сурат гирифт.

Гуруҳҳои омодагӣ ба мактаб бо роҳбарии мураббия Фотима Амонова маҳфили хушҳолии идонаро таҳти унвони “Мо ҳимоятгарони Ватан” дар сатҳи баланд гузарониданд. Тарбиягирандагони ин муассиса бо шеъру суруд ва рақсу бозиҳои мавзун садоқатмандӣ ва дӯстдории хешро ба сарзамини аҷодӣ, Ватани маҳбубашон баён сохтанд.

Мудири ширхоргоҳ-кӯдакистони № 32-и шаҳри Хуҷанд Амина Исломова чорабиниро натиҷагирӣ карда, аз ҷумла афзуд, ки “Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Презхиденти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз рӯзҳои аввали таъсиси Артиши миллӣ масъалаи мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишварро яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти худ дониста, дар баробари дигар тадбирҳои зарурӣ барои ташкил намудани ҷузъу томҳои низомӣ дар минтақаҳои гуногуни мамлакат ва фароҳам овардани шароити муосири инфрасохторӣ барои ҳайати шахсии онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Чунки ҳифзу ҳимояи амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа ва ҳаёти осудаи сокинони мамлакат ба зиммаи хизматчиёни ҳарбӣ, яъне ҳайати шахсии сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гузошта шудааст ва онҳо вазифадоранд, ки ин неъмати бебаҳо – сулҳу субот ва оромиву осоиши ҷомеаро чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунанд. Наврасони ояндаи мо низ дар рӯҳияи ватандӯстию меҳанпарварӣ тарбият ёфта, посдори ояндаи ин сарзамин хоҳанд шуд”.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд