(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

«Ҷоми Раиси шаҳр»-ро кӣ ба даст меорад?Тибқи нақшаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд  байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсус мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯйи намудҳои волейбол, шашка ва шоҳмот, тениси рӯйи миз ва варзиши сабук барои ба даст овардани «Ҷоми Раиси шаҳр»  оғоз гардид.

Бозиҳои намуди волейбол дар коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд сурат гирифт. Бозии аввал байни дастаи коллеҷи омўзгории ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров  ва  коллеҷи тиббии ба номи М. Исҳоқӣ оғоз гардид. Рақобат бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи дуюмӣ анҷом ёфт.

Дастаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо  Донишкадаи политехникии Донишгоҳи давлатии техникии Тоҷикистон қувваозмоӣ намуда, бо ҳисоби 2 : 0 рақибашро мағлуб  сохт.

Дар бозии навбатӣ байни дастаҳои Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон  бо Донишгоҳи ҳуқуқ биснес ва сиёсати Тоҷикистон ғолибиятро Донишгоҳи ҳуқуқ биснес ва сиёсати Тоҷикистон ба даст овард.

Интизор меравад, ки бозии ниҳоии ғолибон барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳр»  аз рӯйи намуди волейбол санаи 24-уми феврали соли равон сурат мегирад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд