(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Намоиши рассомони ҷавон дар васфи ҳифзи ВатанБа муносибати Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимиву фарҳангӣ чорабиниҳои гуногун доир карда шуданд, ки он барои баланд бардоштани ҳисси ватанпарастиву меҳандӯстии насли наврас мусоидат мекунад.

Чунин чорабинӣ ҳамасола аз ҷониби Мактаби рассомии шаҳри Хуҷанд ҳамроҳ бо ташкилоти ҷамъиятии барқароркунандагони сохти конститутсионии «Сипари сулҳ» доир карда мешавад.

Ин навбат озмуни расми беҳтарин дар мавзӯи «Артиш-сипари Ватан» баргузор шуд, ки даври ҷамъбастии он дар Арт-галереяи «Сомониён» доир гардид. Дар ин озмун толибилмони Мактабҳои санъати №1, 3 ва Мактаби рассомӣ иштирок карда, асарҳои худро пешниҳод намуданд.

Чорабиниро директори Арт-галереяи «Сомониён» Ғафурҷон Ҷӯраев ифтитоҳ бахшида, ҳамагонро ба муносибати Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфт. Сипас, раиси Ҷамъияти вилоятии барқароркунандагони сохти конститутсиони «Ҳомии ваҳдат» Темурҷон Ҷӯраев, раиси Ташкилоти ҷамъиятии барқароркунандагони сохти конститутсионии «Сипари сулҳ» Фахриддин Аҳмадов ва намояндаи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар  шаҳри Хуҷанд Фирдавс Саидов сухан карда, ба ҷамъомадагон мқсади имрӯзаи чорабиниро матраҳ сохтанд.

Раиси ташкилоти ҷамъиятии «Сипари сулҳ» Фахриддин Аҳмадов ҳини сӯҳбат иброз намуд, ки ташкилоти мазкур соли 2001 таъсис ёфта, аз соли 2014 барои бедор кардани ҳисси ватандорӣ ва пайдоиши тасаввурот оид ба ҳаёти аскарӣ байни толибилмони мактабҳои санъату рассомӣ озмуни мазкурро ташкил кардаанд. Ташкилоти «Сипари сулҳ» ҳамеша мекӯшад, барои беҳ гардонидани шароити зисту зиндагии барқароркунандагони сохти конститутсионӣ ёрӣ расонида, оилаҳои дар ҷанги бародаркуш саробонгумкардаро низ бо ин гуна ёриҳо фаро гиранд.

-Мутобиқи рӯйхате, ки комиссариати ҳарбии шаҳри Хуҷанд ба мо пешниҳод кардааст, - гуфт Фахриддин Аҳмадов, - барои барқароркунии сохти конститутсионӣ аз шаҳри Хуҷанд 20 нафар вафот карда, 13 нафар маъюб гашт ва 2 нафар ба рӯйхати беному нишонгаштагон ворид шудааст. Аъзои ташкилот якҷоя бо иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба муассисаҳои талимии шаҳр рафта, дар дарсҳо иштирок мекунанд ва оид ба қаҳрамонию шуҷоатмандӣ ба наврасон нақл намоянд.

Озмуни расми беҳтарин бахшида ба 23-феврал – Рӯзи Артиши миллӣ  аз ҷониби ҳайати ҳакамон ҷамъбаст гардида, ба хонандагони ин мактабҳои санъату рассомӣ диплому тӯҳфаҳои таъсиснамударо супурданд.

Дар ҳақиқат ҳам, расмҳои тасвиркардаи хонандагон таҷассумгари ҳаёти осоишта, сипари боэътимоди Ватан будани Артиши миллӣ, писарбачагони имрӯза-ҳимоятгарони оянда ва хизмат ба Ватан –Модар қарзи ҳар шаҳрванд буданашро собит месохтанд. Толибилмони мониқалам дар тасвири ин расмҳо аз тахайюлоти бою рангини кӯдаконаи худ истифода бурда, ба рӯи тамошобин ҷаҳони тозаеро мекушоянд.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба якчанд нафар барқароркунандагони сохти конститусионӣ Сипоснома ва тӯҳфахои Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва нишони сарисинагии Ташкилоти ҷамъиятии барқароркунандагони сохти конститутсионии «Сипари сулҳ» тақдим карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд