(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Марҳамат ба тамошои ройгони футбол!Мухлисони бозии футболро ба тамошои  Ҷоми КФО-2018 санаи 20 феврали соли 2018 соати 14:00, ки дар варзишгоҳи “20 солагии Истиқлолият” бо иштироки дастаҳои “Хуҷанд” (Тоҷикистон) “Ахал” (Туркманистон) сурат мегирад, даъват менамоем. Биёед, шарафи футболи тоҷикро дастгирӣ намоем! Даромад ройгон!

Бояд қайд намуд, ки 13 феврали соли ҷорӣ дастаи футболи «Хуҷанд»-и Тоҷикистон дар доираи бозиҳои марҳилаи плей-оффи Ҷоми КФО- 2018 бозии аввалини худро бо дастаи футболи «Аҳал»-и Туркманистон дар сафар анҷом дод. Бозӣ хеле ҷолиб сурат гирифта, бо ҳисоби 1:0 бар нафъи соҳибони майдон ба анҷом расид. Ягона голи ин дидорро дар дақиқаи 18-уми бозӣ Мурат Анаев тавассути зарбаи ҷаримавии 11- метра ба ҳадаф расонид.

Акнун ба дастаи футболи  «Хуҷанд» дар бозии ҷавобӣ танҳо ғалаба бо фарқияти ду тӯб имкони иштирок дар марҳилаи гурӯҳиро фароҳам меоварад.

Ёдовар мешавем, ки ба ин гурӯҳ дастаҳои «Алай»-и Қирғизистон, «Алтин Асир»-и Туркманистон ва «Истиқлол»-и Тоҷикистон шомил мебошанд. Дар сурати ғалабаи дастаи «Хуҷанд» аз Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал 2  даста ба сабқатҳои гурӯҳии мусобиқоти Ҷоми Осиё роҳхат мегиранд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд