(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Шанбегӣ дар ширхоргоҳ-кӯдакистони № 32Дар ширхоргоҳ-кӯдакистони № 32-и шаҳри Хуҷанд бо мақсади тозаву хуррамнамоии атрофии муассиса ва сазовор ҷашн гирифтани Наврӯзи байналмилал  шанбегӣ ташкил ва баргузор гардид.

Дар шанбегӣ 34 нафар кормандони ширхоргоҳ-кӯдакистон фаъолона иштирок намуда, аз тарафи онҳо 25 бех ниҳолҳои ороишию гулхои мавсимӣ ва 43 бех ниҳоли олуча шинонида шуданд.

Заминҳои назди муассиса киштгардон ва бо мақсади рафъи мушкилоти бапешомада 30 метр қубурҳои ташноб азнавсозӣ карда шуданд.

Бояд қайд намуд, ки алҳол дар ширхоргоҳ-кӯдакистони № 32-и шаҳри Хуҷанд, беш аз 230 нафар кӯдакон аз ҷониби   13 нафар мураббияҳо ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд