(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Пешгирии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдаконҶиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи миллӣ оид ба барҳамдиҳии меҳнати кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020”, дар асоси нақшаи кории Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки шаҳри Хуҷанд рейди муштараки Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак ва ШПҲБНҶ ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар ҶДММ “Агубини Умр”, ҶДММ “Попирус”, ҶДММ “Шоҳшир”, маркази савдои “Оазис” ва маркази копутерии “Формула-55” гузаронида шуд.

Ҳангоми санҷиш дар ҶДММ “Попирус” 8 (ҳашт) нафар ноболиғон, ки дар сехи мазкур кор мекарданд, ба қайд гирифта шуданд, ки ҳамагон хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр буданд.

Ба роҳбарияти корхонаҳо ва марказҳои савдову компутерӣ қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи миллӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” фаҳмонида шуда, масъулин муваззаф гардиданд, ки бо волидони хонандагони бақайдгирифташуда ва масъулини муассисаҳои таълимӣ корбарӣ намоянд.

Чунин рейд дар марказҳои хизматрасонии “Марям”, “Асил-Ситӣ”, “Бурда” ва агентии рекламавии “Арт-Гун” гузаронида шуда, зимни гузаронидани рейди мазкур дар марказҳои хизматрасонии болозикр ягон нафар ноболиғ ҳангоми фаъолият ба қайд гирифта нашуд. Бо вуҷуди ин ба роҳбарони муассисаву корхонаҳо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи миллӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” шарҳ ва фаҳмонида дода шуда, таъкид гардид, ки иҷроиши қарори мазкур барои ҳама ҳатмист.

Ҷоиз ба қайд аст, ки дар МТМУ №10 мулоқот бо хонандагони синфҳои 9-11, оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бо иштироки якҷояи Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак ва ШПҲБНҶ ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд доир карда шуд. Дар ин нишаст сармутахассиси Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки шаҳри Хуҷанд Муҳайё Дадобоева баромад намуда, доир ба нуктаҳои муҳими қонуни мазкур маълумот дода, аз ҷумла таъкид сохт, ки ин иҷрои талаботи ин санади ҳуқуқи ба манфиати умум аст.

Гуфта мешавад, ки чунин санҷишу мулоқотҳо тибқи нақшаи Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки шаҳри Хуҷанд дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, корхонаву ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият ва маҳаллаҳои шаҳр идома дорад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд