(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Маҳфили навбатии «Фарҳанги оиладорӣ»Дар толори раёсати ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров маҳфили навбатии «Фарҳанги оиладорӣ» дар мавзўи «Муносибати гендерӣ ва нақши он дар ташаккули хусусиятхои психологии зан» баргузор гардид, ки дар намояндаи раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Рухшона Тўхтаева ва мутахасиси пешбари шӯъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Зайнура Шарипова, омўзгорону донишҷўёни донишгоҳ иштирок намуданд.
Дотсенти кафедраи психологияи умумӣ Азиза Мансурова оид ба мафҳуми гендер, хусусиятҳои психологии зан, нақши зан ва мард дар оила маърӯза намуд. Дар рафти маҳфил аз тарафи донишҷўёни факултети забонҳои хориҷӣ саҳначаҳои ҷолиб намоиш дода шуд. Дар қисмати фарҳангии маҳфил санъаткорон Ҳ. Камол, А.Шамсиев, Р.Холҷўраев, Х.Ҳабиб ва ансамбли «Навои ҷавонӣ» - и донишгоҳ бо сурудҳои дилангези худ табъи ҳозиринро шод гардониданд.
Бояд қайд намуд, ки маҳфили «Фарҳанги оиладорӣ» ҳафт сол инҷониб фаъолият дорад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд