(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Симои зоҳирии хизматчии давлатӣДар толори хурди маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2017, № 16/10-7 бо иштироки кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд машғулияти навбатии курси омӯзишӣ барои хизматчиёни давлатӣ гузаронида шуд.

Дар курси омӯзишӣ номзади илми фалсафа, дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ Муҳаббат Почоева дар мавзӯъи «Симои зоҳирии хизматчии давлатӣ» ва «Маданияти интизоми либоспӯшӣ» суханронӣ карда, доир ба мавзуъҳои номбурда дар такя ба қонунгузории кишвар ва таърихи дипломатияи имрӯзу гузаштаи мардуми тоҷик маълумоти муфассал дод.

Иштирокчиёни курси омӯзишӣ доир ба паҳлуъҳои мухталифи симои зоҳирӣ ва маданияти интизоми либоспӯшии хизматчии давлатӣ суолҳо матраҳ намуда, ҳамзамон андешаҳои хешро баён доштанд.

Масъулини ташкили курси омӯзишӣ таъкд доштанд, ки мақсади гузаронидани чунин машғулиятҳои назариявӣ барои хизматчиёни давлатӣ, ин қабл аз ҳама баланд бардоштани ҳисси миллии ватандӯстӣ, фарҳанги муошират, риояи либоси протоколӣ ва таъмини иҷрои Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд